Хона дар Осиёи Марказӣ дар куҷо арзон асту куҷо гарон?

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қиёси нархи манзил дар пойтахтҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки арзиши аз ҳама баланди хона дар Ишқобод ва арзон дар Душанбест
Арзонтарин нархи хона дар миёни пойтахтҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст, ки аз 405 то 650 доллар сари ҳар метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Нархи миёнаи арзиши ҳар метри мураббаи манзили истиқоматӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 426 доллар арзёбӣ шудааст.
Бар асоси қиёси додаҳои боз, арзиши хона дар Туркманистон ба ҳисоби миёна беш аз 1200 доллар барои як метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар Ишқобод муодили 2,8-3 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад, ки баландтарин шохис дар минтақа ба ҳисоб меравад.
Кумитаи меъморӣ арзиши манзил дар Тоҷикистонро гарон намедонад
Дар пайи Туркманистон аз рӯи гаронии нархи манзил Қазоқистон ҷой гирифтааст, ки ба ҳисоби миёна нархи хона дар ин кишвар 877 доллар ва дар пойтахташ аз 835 то 1100 доллар барои як метри мураббаъ аст.
Нархи метри мураббаи хона дар Қирғизистон ҳудуди 740 доллар аст. Метри мураббаи хона дар Ӯзбекистон камтар аз 700 доллар баҳогузорӣ шудааст.
Арзиши метри манзили истиқоматӣ дар Бишкек аз 830 то 900 ва дар Тошканд 825-900 доллар муайян гардидааст.
Дар ин робита ахиран Маҳмадсаид Зувайдзода, раҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, тайи нимсолаи аввали соли равон 588,3 ҳазор метри мураббаъ аз хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Ӯ гуфт, нархи як метри мураббаи манзили истиқоматӣ дар кишвар ба ҳисоби миёна ҳудуди 400 долларро ташкил медиҳад, ки аз сифати сохтмону маоши кормандон ва дигар омилҳо вобастагӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0