Мақомот маблағи пардохти нафақа барои як моҳро эълон карданд

© Sputnik / Амир ИсаевКупюры сомони
Купюры сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар додааст, ки ҳар моҳ давлат барои пардохти нафақа 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Дилмурод Давлатзода, мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки давлат ҳар моҳ барои пардохти нафақа 253,3 миллион сомонӣ масраф мекунад, ки ин назар ба хамин давраи соли гузашта 2,4 дарсад ё худ 5,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳамзамон мудири Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон қайд кард, ки хоҷагиҳо деҳқонӣ бар зарари буҷаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа кор мекунанд.
“Онҳо ҳар моҳ ба як корманд 10 сомонӣ интиқол медиҳанд, ки дар натиҷа нафақаи ҳақиқӣ 16 сомониро ташкил медиҳад (1 дарсад маош ба фонди нафақа меравад. Аз сабаби он ки саҳмдорони хоҷагиҳои деҳқонӣ маош намегиранд, раисони МДҲ барои онҳо ҳар моҳ 10 сомонӣ ба фонди нафақа мегузаронанд). Аммо мо ҳақ надорем, ки аз онҳо камтар аз 207 сомонӣ талаб кунем. Дар натиҷа ҳар як нафақахӯр аз хоҷагиҳои деҳқонӣ дар як моҳ ба буҷет 191 сомонӣ зарар мерасонад”, - таъкид кард ӯ.
Кошелек с деньгами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Нафақа дар Тоҷикистон дар шаш моҳи ахир 1 сомониву 17 дирам афзоиш доштааст
Дар ҳамин ҳол Дилмурод Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ҳаҷми миёнаи нафақа дар Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон нисбат ба ҳамин дараи соли гузашта 1 сомониву 17 дирам афзоиш додааст.
Тибқи иттилои ин мақомдори тоҷик, дар ҳоли ҳозир ҳадди миёнгини бознишастагӣ 320,09 сомониро ташкил медиад.
Ба гуфтаи вай, шумори нафагирон дар соли равон 2,2 дарсад афзоиш ёфта ба ҳолати 1 июли соли 2022 761 ҳазору 312 нафарро ташкил додааст.
Тибқи иттилои Дилмурод Давлатзода ҳадди миёнгини бознишастагӣ дар Душанбе 429,145 сомонӣ, ВМКБ 406,93 сомонӣ, Хатлон 303,21 сомонӣ, Суғд 303,21 сомонӣ ва НТМ 299,57 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0