Замони оғози фаъолияти аввалин IT-парк дар Душанбе эълон шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Хукумата в Таджикистане
Здание Хукумата в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе хабар додааст, ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти кишвар аввалин IT-парк ба фаъолияти худ оғоз хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Саъдӣ Самадзод, мудири Корхонаи воҳиди давлатии “Шаҳри ҳушманд”-и Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе зимни нишасти матбуотӣ хабар додааст, ки маркази мазкур дар суроғаи кӯчаи Мирзо Турсунзода А-27, собиқ бинои Маркази ҷавонон воқеъ гардида, фаъолияташро дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ мемонад.
“IT-парк ҷойест, ки одамони фаъол ва боистеъдод аз ҳисоби мавҷудияти инфрасохтори муосири техникӣ, дастгирии молиявӣ ва илмӣ ғояҳои худро ба лоиҳаҳои воқеӣ табдил медиҳанд. Дар он на танҳо ҷавонони пойтахт, балки тамоми ҷумҳурӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд”, - гуфт Саъдӣ Самадзод
Компьютеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Дар Душанбе Олимпиадаи байналмилалии IT-технология баргузор мешавад
Вай илова кард, ки ҳадафи асосӣ мусоидат ба рушди босуръати соҳаи IT дар кишвар – ин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди таҳия ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасониҳои рақобатпазир дар соҳаи технологияи иттилоотӣ, пешбурди онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ, ҳавасмандгардонии таҳияҳои инноватсионӣ мебоша.
Ҳамчунин ба гуфтаи Саъдӣ Самадзод ин IT-парк ба таъмини сокинон бо инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла лабораторияҳо, ба онҳо расонидани хадамоти машваратии молиявӣ, маркетингӣ, ҳуқуқӣ, инчунин хизматрасонӣ дар доираи барномаҳои суръатбахшӣ, мусоидат ба муттаҳидсозии фаъолияти ташкилоти илмӣ, тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолӣ оид ба таъмини муттасилии силсилаи истеҳсолот, мусоидат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0