Садамаи маргбор дар Айнӣ: худрав ба ҷарӣ сарозер шудааст

© Sputnik / Амир ИсаевПрирода в Таджикистане
Природа в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Аз миёни мусофирони дохили мошин, ки дар ноҳияи Айнӣ ба ҷарии 40-метрӣ сарозер шудааст, дар беморхона 2 нафарашон ба ҳалокат расидаанд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Худрави "ГАЗ-2705", таҳти идораи сокини 62-солаи шаҳри Истаравшан дар ҷамоати Урметани ноҳияи Айнӣ ба ҷарии 40-метрӣ сарозер шудааст.
Ба иттилои ВУД, дар натиҷаи аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда рух додааст.
Зикр шудаст, ки бар асари ин фоҷиа мусофирони мошин марди 57 ва зани 41-сола дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Инчунин ду мусофири дигар, ҷавони 23-сола ва зани 61-сола дар беморхона бистарӣ мебошанд.
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
ВУД таъкид намудаст, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтиш идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0