Сафир дар Димишқ бозгашти тоҷикистониён аз Сурияро баррасӣ кард

© Дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонМулоқоти Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии Сурия
Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии Сурия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо дипломат ва генерали суриягӣ - ноиби президенти ин кишвар масъалаи баргардондани тоҷикистониёнро ба Ватан ба миён гузоштааст
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувейт бо Башар Ҷафарӣ, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия ва генерал Алӣ Мамлук, роҳбари дафтари амнияти миллии ин кишвар мулоқот анҷом додаст.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин мулоқотҳо дар Димишқ сурат гирифтаанд.
"Дар мулоқот масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан аз урдугоҳҳо, густариш ва тақвияти ҳамкориҳо дар арсаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ гардида, перомуни вазъияти Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт", - омадааст дар иттилоия.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Баёнияи Русия, Туркия ва Эрон: Даргириҳои Сурия роҳҳалли низомӣ надоранд
Маврид ба зикр аст, ки қаблан хабар дода шуд, ки коршиносони СММ ба 57 кишвар, аз ҷумла ба Тоҷикистон, муроҷиатнома барои баргардондани шаҳрвандон аз Сурияро фиристода буд.
Теъдоди хориҷиёне, ки дар урдугоҳҳои Сурия қарор доранд, даҳҳо ҳазор нафар арзёбӣ мешавад ва дар ин миён шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошта буд, ки шаҳрвандони кишвар дар урдугоҳҳои "Ал-Ҳавз" ва "Ар-Равз", ки дар қаламрави таҳти назорати воҳидҳои курд ҷойгиранд, нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба иттилои вазир, масъалаи бозгашти тоҷикон аз урдугоҳҳои Сурия бо Димишқи расмӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифин дар ин кишвар баррасӣ шуда буд.
Пештар Тоҷикистон даҳҳо нафар занону кӯдаконро аз Сурия баргардонданд ва ба иттилои мақомот корбарӣ дар ин самт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0