Тақвияти сомонӣ ва уфти се асъори маъмулӣ дар Тоҷикистон: бозори арз

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъор қавитар мекунад. Асъорҳои маъмулӣ ҳафтаро бо коҳишёбӣ анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 172,8 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 173,2 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ ба дунболи рубл коҳиш ёфтааст. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 10.4528 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 10,5881 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ боз ҳам харобтар шудааст. Доллар боз коҳиш ёфтааст. Агар як рӯз қабл як доллар дар сатҳи 10.2723 сомонӣ муаян шуда буд, имрӯз бошад дар сатҳи 10.2710 муқаррар шудааст.
Доллары на блюде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
БМТ гуфт, дар ним сол доллар дар баробари сомонӣ чӣ қадар поин рафт
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 175 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 172,8 ва дар фурӯш 176 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 172,2 сомонӣ мехараду ба ивази 1755 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 1728 ва ҳангоми фурӯш 1755 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0