КҲФ гуфт, ки гармиҳои ғайримуқаррарӣ Тоҷикистонро кай тарк мекунад

© AFP 2022 / DAMIEN MEYERТермометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи пешгӯии ҳавосанҷон, гармӣ на камтар аз ду ҳафта давом мекунад. Дар ин вақт шумо бояд хеле эҳтиёткор бошед ва дастурҳои мутахассисонро риоя кунед
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. То охири моҳи июл дар Тоҷикистон ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ идома дошта, дар водиҳо то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 47 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар доманакӯҳҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво то 37-40 дараҷа ва дар вилояти Дарвози ВМКБ то 42-44 дараҷа гарм мешавад.
Илова бар ин, КҲФ хабар медиҳад, ки аз 22 то 25 июл дар навоҳии баландкуҳ бар асари гармии ғайримуқаррарӣ дар ҳавзаҳои дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон сатҳи об баланд мешавад, ки дар ин минтақа хатари фаромадани селҳои пиряхӣ вуҷуд дорад.
Правила купания в реках и открытых водоемах   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Наҷот аз гирдоб: чӣ бояд кард, то ҳангоми шиноварӣ ғарқ нашуд - тасвирбаён
Дар робита ба ин, ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш мекунад, ки эҳтиёткор бошанд, ба ширкатҳои сайёҳӣ тавсия дода мешавад, ки барои пешгирӣ аз садамаҳо якҷоя бо мутахассисони КҲФ нақшаи ҳаракат ба кӯҳистонро таҳия кунанд.
Ҳангоми истироҳат дар назди об, шумо бояд махсусан эҳтиёт бошед. Набояд дар ҷойҳои ношинос шино кунед, ки дар он ҷо қаъри санглох, алафҳо ё ҷараёни шадид вуҷуд дорад.
Ғайр аз ин, дар назди обанборҳо ба бачагони хурдсол дққати махсус додан лозим аст, ки аз соҳил дур шино накунанд.
Барои пешгирии гармии аз ҳад зиёд, КҲФ чунин тавсия медиҳад:
Аз фаъолияти шадиди ҷисмонӣ худдорӣ намоед;
Кӯшиш кунед, ки дар соя бимонед;
Кӯдаконро дар мошинҳо зери офтоб нагузоред;
Ба режими нӯшокӣ риоя кунед;
Либоси сабуки озод пӯшед.
Лентаи хабарҳо
0