Эмомалӣ Раҳмон президенти нави Ҳиндустонро шодбош гуфт

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон изҳори умедворӣ кардааст, ки раисҷумҳури нави Ҳиндустон саъйю талошашро барои рушди равобит дареғ нахоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба президенти тозаинтихоби Ҳиндустон Драупади Мурму барқия ирсол намудааст.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин номааш Драупади Мурмуро барои расидан ба ин мансад табрик кардааст
Ба гуфтаи президенти кишвар, Ҳиндустон дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса дорад ва Тоҷикистон ҳамеша алоқаманди рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он дар ҳама арсаҳои мавриди манфиатҳои тарафайн мебошад.
Ӯ аз таҷлили 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ дар соли ҷорӣ ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки муносибатҳои байнидавлатии кишварҳои мо тӯли ин давра ба таври муассир густариш ёфта, тобишҳои ҷадиду созанда пайдо кардаанд.
"Изҳори умед менамоям, ки Шумо ба ҳайси Президенти Ҳиндустон саъю талошҳои худро ҷиҳати пешбурди самарабахши ин раванд дареғ нахоҳед дошт",- афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон изҳор доштааст, ки мо бо кӯшишҳои муштарак ҳамёрии кишварҳоямонро мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон ба зинаҳои боз ҳам баланд хоҳем баровард.
Посоли Индии в Душанбе встретился с главой НБТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Талоши Ҳиндустон барои роҳ ёфтан ба бозори бонкии Тоҷикистон
Дар поёни номаи табрикотӣ оқои Раҳмон ба хонум Драупади Мурму саломативу комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии бардавом орзу кардааст.
Ёдовар мешавем, Драупади Мурму 15-умин президенти Ҳиндустон шуда, рӯзи 21 июл ба ин мансаб расид.
Ӯ 64 сол дошта, ҳамакнун тайи панҷ сол дар мансаб олӣ боқӣ хоҳад монд.
Лентаи хабарҳо
0