Орбан гуфт, таҳримот Маскавро "наҷунбонд", аммо Аврупо чорумин ҳукуматашро аз даст дод

© SputnikПремьер-министр Венгрии Виктор Орбан
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нахуствазири Маҷористон мегӯяд, таҳримҳо Маскавро такон надоданд, аммо он метавонад барои Аврупо бо поёнёбии бартарияш тамом шавад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон гуфт, таҳримҳои зидди Русия Маскавро такон надоданд ва Аврупо аллакай чаҳор ҳукуматро аз даст дод ва дар бӯҳрони иқтисодӣ ва сиёсӣ қарор дорад.
"Стратегияи Ғарб ба мошине монанд аст, ки дорад аз чаҳор чархаш мемонад... Таҳримот Маскавро такон надоданд. Аврупо дар душворӣ қарор дорад ва бинобар сабаби мушкилоти иқтисодиву сиёсӣ, чаҳор ҳукумат - Бритониё, Булғористон, Италия ва Эстония қурбонии он шуданд", - гуфт Орбан ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Байле Туснади Руминия.
Ба гуфтаи ӯ мардум бо афзоиши якбораи нархҳо рӯ ба рӯ мешаванд ва аксарияти ҷаҳон низ ба таври қатъӣ моро дастгирӣ накарданд.
Номбурда гуфт, онҳое, ки моро дастгирӣ накарданд, Чин, Ҳиндустон, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ, ҷаҳони араб, Африқо мебошанд, ки ҳама аз ин муноқиша канорагирӣ мекунанд, ва ба тиҷорати худ машғуланд.
Продовольственная ярмарка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2022
Бурду бохти Тоҷикистон дар шароити таҳримҳо: шарҳи вазир
Ӯ изҳор дошт, ки Аврупо ба стратегияи нав дар муноқишаи Украина ниёз дорад, ки ҳадафаш сулҳ бошад.
Таҳияи як пешниҳоди хуб барои сулҳ ба Иттиҳодияи Аврупо лозим аст, ки на ҷонибдорӣ кардан, балки дар миёни Русия ва Украина истодан барои сулҳ бошад, гуфт ӯ.
Орбан ҳушдор дод, ки дар ғайри сурат муноқиша дар Украина метавонад бартарии Ғарбро барои ҳамеша хотима диҳад.
Ин гуфтаҳои сарвазири Маҷористон дар ҳолест, ки кишварҳои аврупоӣ бо вуҷуди чунин мушкилот хоҳони таҳияи бастаи ҳафтуми таҳримот шуданд.
Лентаи хабарҳо
0