Президент ба волидони шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистон хона туҳфа кард

© PixabayИллюстрация брелока ключе от дома
Иллюстрация брелока ключе от дома - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Шаҳрванди 10-миллионуми Тоҷикистонро Фирдавс номгузорӣ кардаанд. Ӯ ҳоло зери муроқибати табибон қарор дошта, вазъаш хуб арзёбӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Аҳолии Тоҷикистон имрӯз 23 июл ба 10 миллион нафар расид.
Сокини 10-миллиони Тоҷикистон дар як оилаи ҷавон дар пойтах ба дунё омада волидонаш Фаридун Баротов ва Махфират Шокирова мебошанд.
Ба кӯдак Фирдавс номгузорӣ кардаанд ва табибон вазъашро хуб арзёбӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оилаи сокини 10-миллиона калиди хонаи сеҳуҷрага тақдим шудааст, хабар медиҳад "Ховар".
Гуфта мешавад, ки туҳфаи арзишмандро муовини сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, муовини раиси пойтахт Дилбар Одилзода ва дигарон тақдим намуданд.
10-миллионный житель Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Сокини 10-миллионуми Тоҷикистон таваллуд шуд: ӯ кист?
Тибқи иттилои сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ Агентии омори кишвар Абдувалӣ Набизода, то 1 апрели соли равон шумораи аҳолии мамлкат 9 млн 934,4 ҳазор нафарро ташкил медод.
Ба гуфтаи ӯ, аз шумораи аҳолии мамлакат 50,7 фоизашро мардон ва 49,3 фоизро занон ташкил медиҳад.
Шумораи кӯдакон ва шаҳрвандони то синни 18-сола 40 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд.
Ин масъули Агентии омор мегӯяд, ки шумораи аҳолӣ рӯз то рӯз зиёд мешавад, ки омили асосии он таввалуди зиёд ва дарозумрӣ мебошад.
Қаблан низ, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар гуфта буд, ки дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 111,5 ҳазор кӯдак таваллуд шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 фоиз зиёд мебошад.
Номбурда гуфт, дар 30 сол аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион нафар зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0