Тоҷикистон барои рушди як бахши ояндадор аз таҷрибаи Ӯзбекистон кор мегирад

© Sputnik / Всеволод ТарасевичПроверка шелковичных коконов
Проверка шелковичных коконов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар мегӯяд, бо назардошти даромад ва ояндадорӣ Тоҷикистон ба рушди кирмакпарварӣ диққати махсус медиҳад
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Тоҷикистон мехоҳад барои рушди бахши пиллапарварӣ аз таҷрибаи Ӯзбекистон, ки аз бузургтарин кишварҳои истеҳсолкунандаи ин маҳсулот ва Чин истифода барад.
Шералӣ Кабир, вазири саноати кишвар мегӯяд, ҳамсоякишвар дар ин самт дастовардҳои назаррас дорад ва Тоҷикистон низ бо назардошти имконот аз таҷрубаи онҳо кор мегирад.
Вазир гуфт, дар мавсими 2022 дар кишвар тақрибан 340 тонна пилла истеҳсол шуд.
Ӯ сабаби коҳиши истеҳсоли ин маҳсулотро дар кишвар тайи солҳои ахир ба камбуди барги тут рабт дод.
"Мушкили асосии пиллапарварӣ дар Тоҷикистон ин таъмини кирмакҳо бо барки тут, ки хӯрокаш аст, мебошад. Тутҳое, ки дар замони Шӯравӣ шинонида буданд, ҳама пир ва ҳосилнокияшон низ кам гардид", - афзуд мавсуф.
Ӯ дар мисоли Ӯзбекистон, ки заминҳои зиёд дорад гуфт, 54 ҳазор гектар боғи тут барои пилла бунёд кардаанд, аммо мутаассифона инро мо надорем, вале корбариҳо идома дорад.
Шелковичные коконы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Ҳар кило 15 сомонӣ: эҳёи кирмакпарварӣ дар Тоҷикистон баъди ироаи сабукиҳо
Оқои Кабир ин соҳаро аз сердаромадтарин соҳаи ояндадор унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло як тонна пахтаи коркардшуда дар бозор то 3 ҳазор доллар ва пас аз коркарду истеҳсоли либос он 8-10 ҳазор доллар мешавад.
Аммо як тонна пилла пас аз коркард ва истеҳсоли ин ё он маҳсулот ва ё либоси абрешимӣ то 250 ҳазор доллар мерасад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон дастур дода буд, кишоварзони кирмакпарвар аз пардохти андоз ба муҳлати 10 сол озод карда шаванд.
Ӯ гуфт, кирмакпарварӣ қариб аз байн рафтааст ва таъкид намуд, ки барқарор кардани он дар Тоҷикистон барои пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ зарур аст.
Ӯ заминҳои тутзорро низ ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин озод кард.
Лентаи хабарҳо
0