Аз Беларус то Испания: легионерҳои тоҷик дар куҷо бозӣ мекунанд?

© Sputnik / Стас ЭтвешФутбольный мяч на поле, архивное фото
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Се варзишгар, аъзои тими мунтахаби Тоҷикистон, ки дар тимҳои хориҷ аз кишвар бозӣ мекунанд, дар бораи марҳилаи навбатии фаъолияти касбии худ тасмим гирифтанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Таътили тобистонаи футбол ва равзанаи интиқол, ки ҳамзамон бо он боз шуд, легионерҳои тоҷикро низ канор нагузошт.
Ҳамин тавр, Шаҳром Самиев бошгоҳи худро иваз кард, вале дар Беларус монд. Ҳамлагар бо "Торпедо-БелАЗ" шартномаи дуҷонибаро қатъ намуда, бозигари "Ислочи" шуд, ки аллакай тавонист бозигари навшро муаррифӣ кунад.
Бояд гуфт, ки ҳамлагар як солро дар бошгоҳи Жодина сипарӣ карда, дар тӯли ин муддат дар 13 бозии чемпионат ва Ҷоми Беларус, ширкат карда, тавонист се бор гол занад. Дар мавсими 2020/2021 Самиев дар ҳайати тими "Динамо-Авто" дар дивизиони миллии Молдова дар 19 бозӣ ширкат карда, 7 гол задааст.
Дар вақтҳои гуногун дар дастаҳои "Барқчӣ", "Данғара" ва "Истиқлол" бозӣ кардааст. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон варзишгар 14 бозӣ анҷом дода, чаҳор гол задааст.
Футболист Манучехр Сафаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Манучеҳр Сафаров гаронтарин легионери "Локомотив" гардид
Бозингари дигари тоҷик Ҳамадонӣ Камолов фаъолияти худро дар Испания - дар "Паракуэлос Антамира" аз дивизиони сеюм идома медиҳад. Футболбоз қабл аз сафар ба Аврупо дар дастаҳои "Локомотив-Помир" ва "Истиқлол" бозӣ кардааст.
Бозингари дигари тими миллӣ Парвиз Умарбоев тасмим гирифт, ки дастаашро дар Булғористон иваз кунад. Вай ҳамчун агенти озод аз "Локомотив Пловдив", ки аз соли 2016 дар он бозӣ мекард, ба "ССКА-1948" аз София гузашт.
Умарбоев хатмкардаи Академияи Рубини Қазон мебошад. Дар ибтидои фаъолияти варзишӣ, ӯ дар дастаҳои "Нефтехимик-Нижнекамск" ва "Химик Дзержинский" бозӣ карда, баъдтар ба "Истиқлол" рафту он ҷо мавриди таваҷҷуҳи бошгоҳҳои аврупоӣ қарор гирифт.
Соли 2016 нимҳимоятгар ба дастаи "Локомотив"-и Булғористон гузашт. Барои клуб, тибқи пойгоҳои "Transfermarkt", ин шартнома 100 ҳазор евро арзиш дорад. Дар он варзишгари тоҷик 170 бозӣ анҷом дода, 10 гол задааст.
Миёни дастовардҳои Умарбоев аз ҷумла Ҷоми Булғористон, Суперҷом ва медалҳои нуқраи чемпионати ин кишвар мебошад.
Лентаи хабарҳо
0