Бозпурсиҳо аз тариқи интернет дар Тоҷикистон қонунӣ шуданд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузаштан ба хазинаи аксИнтернет в Таджикистане доступен только каждому пятому
Интернет в Таджикистане доступен только каждому пятому - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои ахиран қабулшуда ба Кодекси мурофиаи ҷиноятии ҷумҳуриро тавзеҳ дод, ки имконоти муфаттишонро бештар мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муфаттишон дар Тоҷикистон ҳуқуқ пайдо кардаанд, ки бо истифода аз интернет аз тариқи фосилавӣ бозпурсиҳо баргузор намоянд.
Тағйирот дар ин бораро ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон ахиран Маҷлиси миллии ҷумҳурӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул кард.
Дилшод Раҳмон, узви Маҷлиси миллӣ дар шарҳи тағйирот гуфт, ба моддаи 197 қисми 2 илова гардида, тибқи он, дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ гузаронда шавад.
Вай афзуд, ки бозпурсиҳо бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ ба роҳ монда шуда, муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Амалиёти Бадахшон, на толибҳо: шарҳи генералҳо дар бораи "афзоиши экстремизму терроризм"
Тағйироти мазкур дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти умури дохилии Тоҷикистон соли равон сабти ҷиноят дар кишвар коҳиш ёфтааст.
ВУД мегӯяд, дар 6 моҳи соли 2022 дар Тоҷикистон 12482 амали ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1396 адад кам мебошад.
Ҳамин тариқ, сатҳи ҷинояткорӣ 10% коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД.
Кормандони ин ниҳод 1447 нафар ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордоштаро низ дастгир намуданд, афзуд ВУД.
Лентаи хабарҳо
0