Раҳбари ТУТ хуруҷи бемории обилаи маймунро ҳолати фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкМюнхенская конференция по безопасности
Мюнхенская конференция по безопасности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Вақтҳои охир дар 75 кишвари ҷаҳон беш аз 16 ҳазор ҳолати бемории обилаи маймун ошкор шуда, роҳҳои паҳншавии ин вирус барои мутахассисон комилан рӯшан нест
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тедрос Адханом Гебрейюс, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, хуруҷи бемории маймунро як ҳолати изтирории байналмилалӣ эълон кард.
"Ман қарор додам, ки хуруҷи ҷаҳонии обилаи маймун як ҳолати изтирории тандурустии ҷамъиятӣ мебошад, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи дуюми кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ТУТ.
Бояд қайд кард, ки кумитаи изтирорӣ дар ин масъала то ҳол ба якдилӣ нарасидааст.
Обилаи маймун як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Передача 20-ти машин скорой помощи медучреждениям Свердловской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Сабти нахустин ҳолати сурхакони ҳамдуна дар Русия
Аломатҳои аввалини беморӣ, ин табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, варам кардани гиреҳҳои лимфа, хунукхӯрӣ ва бемадорӣ мебошад.
СҶБ аз хавфи баланди роҳ ёфтани обилаи маймун ба Русия ҳушдор дод
Маврид ба зикр аст, ки ин беморӣ ба Тоҷикистон феълан роҳ наёфтааст. Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ворид шудани обилаи маймун ба ҷумҳурӣ қариб ғайриимкон аст. Зеро марз бо Афғонистон, ки он ҷо ин беморӣ дар ҳоли паҳншавӣ қарор дорад, баста аст.
Дар дигар ҳамсоядавлатҳо ин беморӣ сабт нагардидааст.
Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар 75 кишвари ҷаҳон тақрибан 16 000 ҳодисаи бемории маймун сабт шудааст, ки панҷтои онҳо марговар мебошанд. Аксари сироятҳо дар Аврупо, асосан дар байни мардони ҳамҷинсгаро ошкор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0