Тасдиқи тартиби нави савгандёдкунии вакилони тоҷик: президент тарзашро фаҳмонд

© SputnikМаджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви палатаи болоии парлумони кишвар тартиби нави савгандёдкунии вакилону аъзои парлумонро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Тағйирот ба қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон" дар ҷаласаи ахири палатаи болоӣ қабул гардид.
Ба иттилои нашрияи парлумонии "Садои мардум", Фарҳод Раҳимӣ, президенти Акедмияи миллии илмҳо ва узви Маҷлиси миллӣ зимни шарҳи тағйирот гуфт, он ташаббуси вакилону аъзои парлумон мебошад.
Раҳимӣ изҳор дошт, ки мувофиқи тартиби нав, ҳангоми савгандёдкунии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар толори Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон парчами давлатӣ ва нишони давлатӣ гузошта мешавад.
"Узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо тартиби муқарраргардида савганд ёд мекунанд ва зери матни савганд имзо гузошта, онро ба раисикунанда месупоранд", - илова намуд Раҳимӣ.
И.о обязанности председателя ГБАО Алишер Мирзонабот  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Пешбарии Мирзонабот ба узвият дар Маҷлиси миллӣ
Вай афзуд, ки матни савганди имзонамуда дар парвандаи шахсии вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ нигоҳ дошта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки тағйироти мазкур аз ҷониби ҳарду палатаи парлумон ҷонибдорӣ ёфта, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ ахиран онро имзо кардааст.
Интизор меравад, ки дар пайи нашри матни тағйирот дар матбуоти расмӣ он мавриди амал қарор мегирад.
Маврид ба зикр аст,ки қаблан дар Тоҷикистон савгандхӯрии аъзои парлумону ҳукумат бо ворид намудани тағйирот ба қонунгузорӣ ҳатмӣ гардид.
Лентаи хабарҳо
0