Ташкили комиссия барои ҳалли тақдири ояндаи Херсон

© Sputnik  / Гузаштан ба хазинаи аксПовседневная жизнь в Херсоне
Повседневная жизнь в Херсоне - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Баргузории раъйпурсии мулҳақ шудани вилояти Херсон ба Русия имкони хубе барои раҳоӣ аз шароите, ки тайи даҳсолаҳои охир дар минтақа ҳукмфармост, арзёбӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Комиссияи интихоботӣ барои баргузории раъйпурсӣ дар мавриди мансубияти қаламрави Херсон ташкил карда шуд, хабар дод мақомоти минтақа.
Екатерина Губарева, ноиби раиси вилояти Херсон, баргузории раъйпурсиро имкони хубе барои раҳоӣ хондаст.
Ӯ дар саҳифааш дар "Telegram" навиштааст, ки заминҳои Новороссия дар аҳди Екатеринаи II аз худ карда шуданд.

"Он замон ин ҷо дашти холӣ баъди ҷанги Туркия ва Русия буд. Ин ҷо на одам буд, на роҳ, чизе набуд. Чандин аср баъд таърих такрор шуда истодааст", - навиштааст Губерева.

Вай афзудааст, дар қаламраве, ки аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта ба ин сӯ мунтазам ҳофизаи таърихияшро мегирифтанду аз саноату оянда маҳрум менамуданд, дигарбора тамаддун меофаранд.
"Баргузории раъйпурсӣ ин имкони мо барои раҳоӣ аз "дашти холӣ" мебошад", - таъкид кардааст ноиби раиси вилояти Херсон. Ӯ ин шеваро роҳи қонунии баргардондани замин ба сокинонаш хондаст.
Пункт временного содержания украинских военнопленных на Харьковском направлении - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Сарбози украинӣ дар бораи омодагӣ ба ҳамлаи даҳшатноки террористӣ дар Херсон гуфт
"Садҳо ҳазор сокини Херсон метавонанд мавқеашонро баён намоянду натиҷа бинанд. Хуб аст вақте шаҳрвандон аз пайвастшавӣ ба Русия ҳимоят мекунанд", - навиштааст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалиёти низомии Русия дар Украина, вилояти Херсон ва қисмати назди баҳри Азови вилояти Запорож зери назорат гирифта шуд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" қаблан гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0