Занги Раҳмон ба Мирзиёев дар зодрӯз ва баррасии мулоқоти қарибулвуқуъ дар Самарқанд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТМулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев
Мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар зодрӯзи ҳамтои ӯзбекистонияш ба ӯ сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳояш комёбиҳои рӯзафзун орзу кардааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар 65-умин солгарди Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, ба соҳибҷашн занг зад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта таманниёташро баён доштаст.
Аз ҷумла ба Мирзиёев сиҳатмандиву саодат ва дар татбиқи нақшаҳои мавриди ҳадаф қароргирифтааш комёбиҳои рӯзафзун орзу кардаст.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми бародари Ӯзбекистон дар роҳи рушди устувор дастовардҳои навин хостаст.
 Президент РФ Владимир Путин и президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Путин Мирзиёевро бо ордени Александр Невский қадрдонӣ кард. Барои чӣ?
Дар баробари ин президентҳо амалӣ гардонидани мувофиқаҳои дар чорчӯби сафари расмии президентиТоҷикистон ба Ӯзбекистон моҳи июни соли равон бадастомадаро таъкид намуданд.
"Ҳамчунин, мавзӯъҳои амнияти минтақавӣ ва саммити дарпешистодаи Созмони ҳамкории Шанхай, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд", - омадааст дар иттилоия.
Маврид ба зикр аст, ки Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 ба ин сӯ роҳбарии Ӯзбекистонро ба уҳда дорад, 27 июли соли 1957 дар вилояти Ҷиззах таваллуд шудааст. Қабл аз ин ӯ, аз соли 2003 то 2013 дар мақоми сарвазири Ӯзбекистон фаъолият дошт.
Лентаи хабарҳо
0