Афзоиши мизони худкушӣ миёни ноболиғон дар Суғд

© Sputnik / Владислав ВодневМашина полиции
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шимоли Тоҷикистон давоми ним сол мизони худкушӣ ва содиршавии ҷиноят миёни муҳассилини макотиб ба таври қобили мулоҳиза афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Мақомоти Суғд аз афзоиши мизони худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ миёни ноболиғон дар минтақа изҳори нигаронӣ доранд.
Мадина Набизода, сардори Раёсати маорифи Суғд зимни нишасти хабарияш гуфт, ки зарфи шаш моҳ дар шимоли кишвар 16 чунин ҳодисаи ба қайд гирифта шудааст, ки 11 ҳолат нисбат бюа ҳамин давраи соли қаблӣ зиёд аст.
Ба иттилои манбаъ, чунин ҳодисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан-4, Деваштич ва Ҷаббор Расулов 3-нафарӣ, Бобоҷон Ғафуров-2, Гулистон, Зафаробод, Конибодому Мастчоҳ 1-нафарӣ мебошад.
Набизода гуфт, ки дар ин давра ҳамчунин 84 ноболиғ дар сатҳи вилоят даст ба чиноят задааст, ки ин 54 нафараш хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад.
Избрание меры пресечения И. Гаврикову, попавшему в ДТП с автобусами военных - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Дар Тоҷикистон сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфтааст
Ин нишондиҳанда, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021 панҷ ҳолат афзудааст.
Номбурда гуфт, чунин чиноятҳо бештар дар шаҳру навоҳии Исфара - 9, Хуҷанд - 7, Бӯстон - 6, Истиқлол - 5, Конибодом, Панҷакент - 4, Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт - 3, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Зафаробод ва Истаравшан 2 - нафарӣ ба қайд гирифта шуданд.
Гуфта мешавад, ки таркиби ҷиноятҳои содиркардаи хонандагони мактабҳо аз тасарруфи молу амвол, бе ҳуҷҷат ронандагӣ намудан, майдаавбошӣ ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ иборат аст.
Лентаи хабарҳо
0