Бархӯрди 2 "Мерседес" дар роҳи Душанбе - Чаноқ 6 куштаю маҷруҳ барҷой гузошт

© Sputnik Владимир ВяткинМерседес, архивное фото
Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бархӯрди худравҳои тамғаи "Мерседес-Бенс" дар роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ се кушта барҷой гузошта, ҳамчунин ин садама се нафари дигарро бистарӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ронандаи 24-солаи "Мерседес" аз шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба "Мерседес"-и дигар бархӯрдааст.
Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса баъди зуҳри 24 июл ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Работи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ рух дода, ронандаи ҷавон ба самти муқобили роҳ баромадаст.
Дар натиҷа бо "Мерседес"-и дигар таҳти идораи сокини 40-солаи шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Манбаъ афзуд, бар асари бархӯрд ронандаи 40-сола ва мусофираш марди 47-сола, ки ҳардуяш сокини шаҳри Панҷакент будаанд, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Водительские удостоверения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Пешниҳоди боло бурдани синни ронандагӣ дар Тоҷикистон
Аз худрави дигар, ки ҳомили ҷавонон будааст, мусофири 22-сола аз шаҳри Ҳисор бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштаашон дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи 24-сола ва мусофирони 18 ва 17-солааш феълан дар беморхона бистарӣ мебошанд. ВУД афзуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси омори расмӣ тайи 6 моҳи аввали соли 2022 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 482 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли гузашта 472 сониҳаи нақлиётӣ сабт шуда буд.
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, бар асари садамаҳо 180 нафар ҷон дода, 509 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, аз сабабҳои аслии сар задани садамаҳоро риоя накардани қоидаҳо аз сӯи ронандагон номид. Аз ҷумла нақзи қоидаҳои сабқат, баланд бардоштани суръат ва идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастиро зикр намуд.
Лентаи хабарҳо
0