Бозгардондани 42 зан ва 104 кӯдаки тоҷик аз Сурия ба Ватан

© AFP 2022 / Aaref WatadСирийские дети у забора палаточного лагеря недалеко от деревни Кафр-Лусин, Сирия
Сирийские дети у забора палаточного лагеря недалеко от деревни Кафр-Лусин, Сирия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои пайравони ДОИШ-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия ахиран 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурданд, иттилоъ додааст Нawarnews.
“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Баёнияи Русия, Туркия ва Эрон: Даргириҳои Сурия роҳҳалли низомӣ надоранд
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
Ёдовар мешавем, ки қаблан Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт санде пеш дар шаҳри Димишқ, пойтахти Сурия бо мақомҳои баландпояи ин кишвар, аз ҷумла бо муовини президенти Ҷумҳурии Арабии Сурия дар умури масъалаҳои амниятӣ, роҳбари Дафтари амнияти миллии кишвар генерал Алӣ Мамлук ва муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Ҷумҳурии Арабии Сурия Башар Ҷафарӣ масъалаи ба Ватан баргардондани садҳо шаҳрванди тоҷикро аз урдугоҳҳои ин кишвар баррасӣ карда буд.
Бояд гуфт, ки дар солҳои авҷи фаъолиятҳои гуруҳҳои тундраве, чун ДОИШ дар Сурияву Ироқ дар сарзаминҳои ишғолкардаи ин гурӯҳ ба ҳисоби мақомоти Душанбе, беш аз 2 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо аҳли оилаҳояшон ба Сурияву Ироқ рафтанд ва ба саффи созмонҳои ифротӣ ва асосан ба ДОИШ пайвастанд.
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2022
Сафири Сурия дар Русия: Ғарб ва Туркия ҷангиёни ДИИШ*-ро ба Украина мефиристанд
Ба ҳисоби мақомоти амниятии Тоҷикистон, беш аз 500 тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва зану фарзандони онҳо дар ҷараёни ҷангҳову бомбаборонҳо дар Ироқу Сурия кушта шуда, баъди аз дасти ДОИШ пас гирифтани тақрибан ҳама сарзаминҳои таҳти назораташ даҳҳо тан аз ҷангҷӯёни тоҷик ва ҳамин тавр, беш аз 400 нафар аз занону фарзандони онҳо ба асорат афтоданд.
Мақомоти Тоҷикистон чанд сол боз талош доранд, то занону фарзандони ҷангҷӯёни тоҷикро ба Ватан баргардонанд. Моҳи апрели соли 2019 бо талошҳои сафир Зубайдулло Зубайдзода, 84 кӯдаки тоҷикро ба Тоҷикистон баргардонданд.
Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, чанд сол боз беш аз 260 зану кӯдаки тоҷик дар урдугоҳҳои Ал-Ҳавл ва Рожи Сурия қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0