Иҷозати вуруди Инҷил ва бозпас гардондани Қуръон: шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузаштан ба хазинаи аксПразднование Курбан-байрама в регионах России
Празднование Курбан-байрама в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи дини Тоҷикистон далели бозпас гардондани ҳудуди 13 тонна китоби Қуръон ва иҷозати вуруди адабиёти ғайриисломиро дар соли равон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тартиби вуруди адабиёти динӣ ба Тоҷикистон, сарфи назар аз он, ки марбути кадом дин аст, ягона мебошад.
Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошта, далели бозпас баргардондани китобҳои Қуръон ба Афғонистонро риоя нашудани тартиби вуруд хонд.
Давлатзода гуфт, зимни вуруди ҳар адабиёти динӣ бояд қаблан ба Кумитаи дини Тоҷикистон муроҷиат сурат гираду он аз ташхис гузарад. Аммо дар ҳолати вуруди Қуръон аз Афғонистон тартибот нақз шуда, пешакӣ муроҷиат сурат нагирифтаст, иттилоъ дод раиси Кумита.
Вай таъкид намуд, ки маҳз ба далели нақзи тартиботи вуруд мақомоти гумруки Хатлон адабиёти динии зикршударо бозпас гардондаст.
Священный коран в мечети - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.03.2022
Ба фарзандонам аз чандсолагӣ намоз ва Қуръонро омӯзонам?
"Барои чопи адабиёти динӣ дар дохили кишвар шароит аст, чопи навбатии Қуръонро ба роҳ монда будем. Ҳар ташкилоти динӣ агар хоҳад, ки адабиётро чоп кунад, метавонад муроҷиат кунад", - афзуд Сулаймонзода.
Дар мавриди адабиёти ғайриисломӣ масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштанд, ки тайи нимсолаи аввали соли равон муроҷиатҳо барои вуруд ва чопи он ҷой доштанд.
Манбаъ зикр намуд, ки аз ҷумла як бор барои чопи 5 ҳазор китоби Библия ва як бор барои вуруди 20 ҳазори он бо забонҳои тоҷикию русӣ аз хориҷи кишвар муроҷиат сабт гардидаст, ки ҳардуяш ҳам иҷозат дода шуданд.
Масъулини Кумитаи дини Тоҷикистон таъкид намуданд, ки барои қонеъ намудани талаботи пайравони ҳар дину мазҳаб дар сурати муроҷиат ва риояи тартибот иҷозат дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0