Прокурори генералии Русия вориди Душанбе шуд

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкГенеральный прокурор РФ Игорь Краснов
Генеральный прокурор РФ Игорь Краснов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Ҳайати Русия барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи додситониҳои кулли ин кишвар ва Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов, прокурори генералӣ бо сафари корӣ вориди Тоҷикистон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, ҳайати мазкур барои иштирок дар ҷаласаи ҳайати мушовараи якҷояи Прокуратураи генералии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия, ки 26 июл баргузор мегардад, ба Душанбе омадаст.
“Дар ҷаласа талошҳои муштарак ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои террористӣ, экстремистӣ ва қочоқи маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор мегиранд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамчунин дафтари матбуоти прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати мушовара имзои лоиҳаи Барномаи ҳамкорӣ миёни ҳар ду ниҳод дар назар аст.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
"Се сол гузашту қарори ҳукумат иҷро намешавад": Нигаронии Юсуф Раҳмон аз сохтмонҳо
Қайд карда шудааст, ки меҳмонон зимни сафарашон ба Тоҷикистон аз осорхонаи этнографӣ ва Маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дидан карда, ба пояи лавҳаи ёдгории Боғи Ғалаба дар шаҳри Душанбе гулчанбар мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта зимни вохӯрии Юсуф Раҳмон ва Игор Краснов Ёддошти тафоҳум дар мавриди самтҳои афзалиятноки ҳамкории Прокуратураи Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Русия барои солҳои 2022-2025, ки ба густариши равобити дуҷониба равона гардидааст, ба имзо расонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0