Аз виҷдон на, аз қонун тарсад. Раиси Кумитаи дин "қарордоди издивоҷ"-ро пешниҳод кард

© Sputnik / Стас ЭтвешСсора, архивное фото
Ссора, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии "қарордоди издивоҷ"-ро яке аз роҳҳои ҷилавгирӣ аз пошхӯрии оилаҳо арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар масъалаи пошхӯрии оилаҳо бархӯрди ҳирфаӣ зарур аст ва ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, назири кумитаҳои занону оила, ҷавонон ва Вазорати адлия, ба шумули Кумитаи дин бояд як барномаи фарогиреро таҳия кунанд.
Ин нуктаро Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Таъкиди Давлатзода дар ҳолест, ки ин мушкил сол то сол бештар гиребонгири Тоҷикистон, кишваре шудааст, ки дар он ба таври суннатӣ арзишҳои хонаводагӣ дар авлавият қарор доранд.
"Мо як муддат мавзуи "қарордоди издивоҷ"-ро кор карда будем. Дар ин қарордод вазифаву масъулияти ҳама тарафҳо – ҳам зан ва ҳам мард мушаххас мешавад. Ҳоло мо инро дорем, ки тибқи қонун, ихтиёрӣ аст. Агар зану шавҳар хоҳанд, чунин қарордодеро мебанданд", - гуфт раиси Кумитаи дин.
Вай афзуд, агар чунин як шартнома зарурӣ бошад, дар сурати аз ҳам пош хӯрдан ва ба ҳам созиш накардани зану шавҳар, масалан, масъалаи масъулияти фарзандон, мушаххас мешавад ва шояд таъсири мусбии зиёде дошта бошад.
Ситуация возле многофункционального миграционного центра  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Барои оила рафту аз баҳраш гузашт. Чаро муҳоҷират бархе занони тоҷикро бешавҳар кард?
Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон афзуд, раванди муҳоҷират, ноогоҳӣ ва масъулиятношиносӣ, бехабарӣ аз аҳкоми дину шариат ва дигар авомил низ вуҷуд доранд, ки бояд мавриди омӯзиши амиқ қарор гиранд. Аммо дар зимн аз таҷрибаи бархе кишварҳои ҳамсоя зикр гардид, ки нишон медиҳад, "қарордоди издивоҷ" як роҳи муассир барои ҳалли ин масъала аст.
"Дар бархе кишварҳо шартномаи миёни зану шавҳар ҳатмӣ аст. Бино ба таҷрибаи онҳо, масалан, дар сурати ҷудо шудан шавҳар муваззаф аст, ки як маблағи муайянро ҳамчун ҷуброни зарари маънавӣ пардохт кунад. Ин нукта қонунӣ ва дар шартномаашон дарҷ шудааст", - гуфт Давлатзода.
Вай афзуд, дар пайи чунин тадобир дар он кишварҳо пошхӯрии оилаҳо кам шудааст.

"Табиати инсон ҳамин аст, агар аз виҷдон натарсад, аз қонун бояд тарсад. Аз ин хотир як барномаи ҳамаҷониба бояд таҳия шавад”, - зарур хонд раиси Кумитаи дин.

Мушкили пошхӯрии оилаҳо дар Тоҷикистон дар ҳоле барҷаста шудааст, ки омор ҳамасола аз афзоиши он шаҳодат медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, тайи нимсолаи соли равон дар Тоҷикистон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам пошидаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 12% бештар аст.
Соли 2021 ин рақам 6 ҳазору 477 оиларо ташкил мекард. Тарафи дигари мушкил ин аст, ки дар пайи ин пошхӯрии оилаҳо беш аз 8 ҳазор тифл ятим ва ё нимятим мондаанд.
Лентаи хабарҳо
0