Шароит беҳтар, нарх гаронтар: раиси Кумитаи дин дар бораи ҳаҷҷи имсола ва оянда

© Sputnik / Амир ИсаевПаломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе
Паломники вернувшиеся с Хаджа в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷониби Арабистони Саудӣ шарти зиёд намудани теъдоди зоирин дар мавсими ҳаҷҷи соли ояндаро ба вазъияти эпидемиологӣ дар ҷаҳон марбут донистааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Шароити ҳаҷҷи имсола беҳтар буд, чун шумораи зоирин камтар буд, изҳор дошт раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, Сулаймон Давлатзода.
Ӯ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ҷониби Арабистони Саудӣ соли равон барои 1 млн зоир иҷозат дод, дар ҳоле қаблан ин шумора зиёда аз 2,5 млн нафарро ташкил медод.
Ба гуфтаи Давлатзода, вақте шумора камтар аст, шароит ҳам беҳтар мешавад. Вай ҳамчунин сабаби дигари нисбатан муназзаму хубтар гузаштани ҳаҷ дар соли равонро ба чораҳои беҳдоштӣ рабт дод, ки ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз сӯи кишвари мизбон роҳандозӣ шудаанд.

"Албатта ин бетаъсир набуд, нарх дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ҳудуди 30 - 40% боло рафтааст, ки далелаш чораҳои беҳдоштӣ мебошанд", - тавзеҳ дод раиси Кумитаи дин.

Дар мавсими ҳаҷҷи имсола беш аз 4 ҳазор сокини Тоҷикистон ҳаҷ карданд ва охирин гуруҳи ҳоҷиёни тоҷик 1 август аз зиёрати хонаи Худо ва Ватан меоянд. Арзиши сафари ҳаҷ имсол 60 ҳазору 520 сомонӣ буд.
Празднование Курбан-байрама в регионах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Иҷозати вуруди Инҷил ва бозпас гардондани Қуръон: шарҳи Кумитаи дини Тоҷикистон
Дар мавриди он ки оё соли оянда теъдоди зоирин бештар мешавад, Сулаймонзода аз қавли мақомоти Арабистони Саудӣ гуфт, зиёд шудани адади зоирин ба ҳолати эпидемиологӣ дар тамоми ҷаҳон вобаста аст.
Агар шароит хуб бошад, эҳтимолияти сироятшавӣ кам бошад, эҳтимол шумораи зоирин зиёд шавад, гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0