Аз Сурия 146 зану кӯдаки тоҷик ба Ватан бармегардад - видео

Обуна шудан
Мақомоти нимамухтори курдҳои Сурия бо имзои як санади расмӣ ҳудуди 42 зан ва 104 кӯдак аз хонаводаҳои мубаллиғони ДОИШ*-ро ба намояндаи Тоҷикистон супурд
Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия ахиран 146 зану кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики созмони ДОИШ-ро ба Тоҷикистон супурданд, иттилоъ додааст Нawarnews.
“Мо 42 зан ва 104 кӯдакро, ки дар урдугоҳҳои Ал Ҳавл ва Рож қарор доштанд, ба сафири Тоҷикистон дар Кувайт Зубайдулло Зубайдзода супурдем. Инҳо заноне буданд, ки ягон ҷиноят содир накардаанд ва дар амалҳои терроризм дар шимол ва шимолу шарқи Сурия даст надоштанд”, - Фанар Кеит, муовини раиси Депараменти равобити хориҷии раҳбарияти мухтори шимол шарқи Сурия.
Сафир дар Димишқ бозгашти тоҷикистониён аз Сурияро баррасӣ кард
Зубайдулло Зубайдзода, сфири Тоҷикистон Қувайт дар нишасти хабарии бахшида ба супурдани ин занону кӯдакон гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ба Ватан баргардондани шаҳрвандонаш ҳамеша талош дошт.
Сафири Тоҷикистон таъйид кард, ки "сафорати кишвар дар Давлати Кувайт ба кори баргардонидани занону кӯдакон идома медиҳад".
*-созмони террористӣ, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон ва Русия манъ аст.
Лентаи хабарҳо
0