Тағйироти кадрӣ дар бахши кишоварзӣ, захоири об, нақлиёт ва ҳукуматҳои маҳаллӣ

© Sputnik / Алексей ДаничевМужчины с портфелем в руке. Архивное фото
Мужчины с портфелем в руке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, нақлиёт ва мақомоти иҷроияи маҳаллии бархе навоҳӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, кадрҳои навтаъйин ба мақомҳои роҳбарикунанда дар бахши нақлиёт, захираҳои об, кишоварзӣ ва ҳукматҳои маҳаллиро ба хизмати софдилона даъват кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Шерализода Муҳамадулло Умарро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод карда, ба ҷояш Шарифхон Сафарзодаро таъйин намуд.
Сафарзода Шарифхон Нураҳмад то ҳол дар вазифаи муовини якуми раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Инчунин бо қарори ҳукумат Тоҳирзода Қобил Тоҳир муовини директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардидааст.
Эмомали Рахмон президент РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Президент дар ВМКБ тағйироти кадрӣ анҷом дод: насиҳат ба мақомдорони нав
Хоҷазода Абдулаҳад Назариён бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи директори Муассисаи давлатии "Маркази идораи лоиҳаи "Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо" озод гардида, ҷояшро Мирзоализода Баҳром Мирзоалӣ гирифтааст.
Ҳамчунин Замонзода Мадамон Амирхон низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ озод гардид.
Сардори нави Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ Ғафурзода Тағоймурод таъйин шудаст.
Сироҷзода Шуҷоат Хайрулло, низ аз вазифаи муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ барканоршуда, ҷояшро Неъматзода Фаррух Неъмат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0