Тақсими марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд баҳс мешавад

© PixabayКолючая проволока, архивное фото
Колючая проволока, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар қаламрави вилояти Бодканд дидору мулоқоти гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тоҷикистон ва Қирғизистон корҳои таъйини марзи муштаракро аз сар гирифтанд. Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои топографии ҳайатҳои ҳукуматии ҳарду давлат ин дафъа дар вилояти Бодканд ҷараён дорад.
Маълум аст, ки гуфтушуниди корӣ 5 рӯз идома хоҳад кард.
Матбуоти қирғиз бо такя ба суханони Назирбек Бөрүбоев, намояндаи вижаи Девони вазирони ин кишвар хабар медиҳад, ки ҷонибҳо дар тӯли тамоми давраи музокирот ҳудуди 80 километр марзро ба мувофиқа расонидаанд.
Ҳамин тариқ, аз моҳи майи соли 2021, пас аз ҳодисаҳои сарҳадӣ, 82 км мувофиқа шудааст. Қабл аз ин ҳудуди 520 километр марзи муштарак низ мушаххас шуда буд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон и Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2022
Аз об то марз – масоили мавриди гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов
Бөрүбоев ҳамчунин афзуд, ки дарозии марзҳои байни кишварҳо ба 972 километр мерасад, аммо пас аз дақиқ кардан мумкин аст, дар ин рақам фарқият вуҷуд дошта бошад, зеро ҳангоми табодули баъзе замин қитъаҳо кӯтоҳ ё дарозтар мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон низ дар бораи тавофуқнома бо ҷониби Қирғизистон дар қитъаи 80-километрии марз хабар дода буд.
Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Тоҷикистон манфиатдор ҳастанд, ки масъалаи таъйини хатти марз бо Қирғизистон ҳарчӣ зудтар ҳал карда шаванд ва таъкид карданд, ки ин кор пайваста сурат хоҳад гирифт.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон, дар бораи фаъол кардани кори комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои дуҷониба ва комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва аломатгузории марзи давлатии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Лентаи хабарҳо
0