Тавсифи Теҳрон аз сиёсати Путин: Хирадмандтар аз Ғарб аст

© AFP 2023 / Khamenei.IRВстреча президента России Владимира Путина с великим аятоллой Али Хаменеи и с президентом Ирана Эбрахимом Раиси в Тегеране
Встреча президента России Владимира Путина с великим аятоллой Али Хаменеи и с президентом Ирана Эбрахимом Раиси в Тегеране  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Русия, Эрон ва Чин се маркази мустақили қудрат арзёбӣ шуданд, ки бо идеологияи густариши ҷаҳони якқутбии Ғарб ва ИМА муқовимат мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Сиёсати раисҷумҳури Русия Владимир Путин назар ба амалкарди Амрико ва умуман Ғарб хеле оқилонатар аст. Ин нуктаро Алӣ Акбар Вилоятӣ, мушовири раҳбари олии Эрон дар суҳбат бо нашрияи "Кайҳон" баён доштааст.
Вилоятӣ таъкид кард, ки Маскав ва Пекин борҳо ба ҷонибдории Теҳрон садо баланд кардаанд. Вай афзудааст, ки Русия ва Чин борҳо дар муқобилати Эрон бо кишварҳои Ғарб ҷониби Теҳронро гирифта буданд. Дар зимн таъкид шудаст, ки миёни ин давлатҳо созишнома дар бораи дӯстӣ баста нашудааст.
"Русия ва Чин бар асоси манофеи худ амал мекарданд, аммо магар маълум нест, ки сиёсати онҳо нисбат ба сиёсате, ки Ғарб дунбол мекард, хирадмандонатар буд", - таъкид намудаст Вилоятӣ.
Ба гуфтаи вай, Шарқ, Ҳинду Чин ва Федератсияи Русия "бар пои худ устувор шудаанд".
"Ҳоло дар Осиё се маркази муҳими қудрат ба вуҷуд омада истодаанд - Эрон, Русия ва Чин, ки мустақил ҳастанд ва бо идеологияи густариш ва ҷаҳони якқутбӣ, ки Ғарбу Иёлоти Муттаҳида пеш мебаранд, истодагарӣ мекунанд", - шарҳ дод мушовири роҳбари олӣ.
Ӯ афзуд, қаблан низ Маскав, Деҳлӣ ва Пекин қудрат ва нуфузи худро барои дифоъ аз манофеи Теҳрон равона мекарданд.
Вай изҳор дошт, ки ҷаҳон бори аввал дар таърих чунин таназзули ҷиддии Аврупоро таҳти сарварии Иёлоти Муттаҳида мушоҳида мекунад.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Иран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2022
Баёнияи Русия, Туркия ва Эрон: Даргириҳои Сурия роҳҳалли низомӣ надоранд
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Владимир Путин аз Теҳрон боздид карда, дар нишасти сеҷониба бо раисони ҷумҳури Эрон, Иброҳим Раисӣ ва Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ширкат кард. Мавзӯи аслии мулоқот ҳалли вазъ дар Сурия буд.
Пас аз он раҳбари Русия бо ҳамтоёни эронӣ ва туркии худ дидору гуфтугӯ кард ва ҳамчунин бо раҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ мулоқот дошт.
Ин сафари раисиҷумҳури Русия дар Ғарб воҳимаро ба бор овард. Ҳамин тариқ, расонаҳо дар музокироти Путин, Раисӣ ва Эрдуғон тағйироти ҳисобҳои геополитикии ҷаҳонӣ дар ҷаҳонро диданд.
Лентаи хабарҳо
0