Тирпарронии даҳшатбор дар намоишгоҳи автомобилӣ дар Лос-Анҷелес: қурбонӣ дар пай дошт

© APПолиция США, архивное фото
Полиция США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Бар асари тирпарронӣ дар намоишгоҳи автомобилие дар як боғи Лос-Анҷелес дастикам 7 нафар маҷруҳ шуданд ва пулис то ҳол натавонистааст ҳамлагаронро дастгир кунад
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дар Пек Парки Лос-Анҷелес тирпарронии даҳшатбор рух дод, менависад сомонаи идораи оташнишонии шаҳр.
Тибқи маълумоти тасдиқнашуда, тақрибан 10 нафар ба сӯи мардум оташ кушодаанд. Дар натиҷа дасти кам ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд.
Онҳо ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи автомобилӣ захмӣ шуданд, ки миёнашон чаҳор зан ва се мард будаанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, ҳоло се нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Бархе аз расонаҳо бо такя ба шоҳидони айнӣ хабар медиҳанд, ки имкон дорад, кушташудагон низ бошанд. Шоҳидони ҳодиса ҳамчунин мегӯянд, ки онҳо беш аз 20 садои тири тирро шунидаанд, ки ба сӯи издиҳоми холӣ карда шуд.
Дар пайи ҳодиса пулис низ ба ҷои ҳодиса шитофт, то муайян кунад, ки сабаби тирпарронӣ чист. Ҳамчунин маълум аст, ки маъмурони интизомӣ омилони ин ҳодисаро то ҳол боздошт накардаанд.
Полиция и сотрудники службы экстренной помощи собираются на месте сообщения о расстреле нескольких человек за пределами станции метро 36 St 12 апреля 2022 года в Бруклинском районе Нью-Йорка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2022
Теъдоди қурбониёну захмиёни тирпаронии Бруклин афзуд: пулис муттаҳами 62-соларо меҷӯяд
Дар ҳоли ҳозир боғ муҳосира шудааст ва ҳамчун ҷои ҷиноят эътироф шудааст. Тафсилоти дигар маълум то кунун маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико тарҳи қонунеро барои пурзӯр кардани назорат бар гардиши силоҳи оташфишон тасвиб кард. Ноиби президенти Амрико Камола Ҳаррис низ изҳор дошт, ки дар ин кишвар назар ба худи амрикоиҳо бештар силоҳ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи вай, дар 20 соли охир он "се баробар" афзудааст.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар Иёлоти Муттаҳида дар давраи аз 2 июл то 5 июл дар ҷараёни таҷлил аз Рӯзи истиқлол беш аз 400 ҳодисаи тирпарронӣ сабт шудааст.
Лентаи хабарҳо
0