Чанд нафар дар Тоҷикистон мактабро бо медали тило хатм кард?

© Акс аз сомонаи Вазорати маорифи ТоҷикистонХонандагони тоҷик, ки мактаби миёнаро дар соли 2022 бо аттестати аъло ва медали тилою нуқра хатм кардаанд
Хонандагони тоҷик, ки мактаби миёнаро дар соли 2022 бо аттестати аъло ва медали тилою нуқра хатм кардаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Соли равон номзадии беш аз 140 нафар барои гирифтани медали тило ва аттестати аъло пешниҳод шуд, аммо комиссия дар асноди аксарият камбуд пайдо кардааст
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Озмун барои соҳиб шудан ба аттестати аъло ва медали тилою нуқра дар бахши универсалӣ ва равиявӣ бо пирӯзии 30 нафар анҷом ёфт.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар озмуни имсола 45 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Аз ин шумора 30 нафар соҳиби аттестати аъло ва медали тилою нуқра дар бахши универсалӣ ва равиявӣ гардиданд.
Манбаъ афзуд, ки хонандагони шаҳри Душанбе сазовори 13 медали тило шудаанд. Муҳассилин аз вилояти Суғд сазовори 7 медали тило ва 1 медали нуқра гардидаанд.

"Хонандагони вилояти Хатлон сазовори 6 медали тило ва 1 медали нуқра ва хонандагон шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сазовори 1 медали тило ва 1 медали нуқра гардиданд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ тавзеҳ додааст, ки аз тарафи раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои таълимии мақоми ҷумҳуриявидошта 144 нафар довталаб ба озмуни аттестати аълои равияи универсалӣ, табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ бо медали тило ва нуқра пешниҳод шуданд.
Молодые люди пишут пишут Звездный диктант в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2022
Вазири маориф аз сифати таҳсил дар Тоҷикистон изҳори норизоӣ кард
Аз ин 45 нафар, аз ҷумла 5 нафар барои аттестати аълои универсалӣ бо медали тило, 11 нафар барои аттестати аъло бо медали тилои равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ, 26 нафар аттестати аъло бо медали тилои равияи табиӣ-риёзӣ ва 3 нафар аттестати аъло бо медали нуқраи равияи табиӣ-риёзӣ роҳ ёфтанд.
Вазорати маориф таъкид намудаст, ки маъмурияти аксари муассисаҳои таълимӣ дар пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои довталабони аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра ба саҳлангорӣ роҳ дода, ҳуҷҷатҳоро бар хилофи талаботи низомномаи озмун пешниҳод кардаанд. Дар натиҷа аз ҷониби комиссияи экспертӣ дар ҳуҷҷатҳои довталабон камбудиҳои зиёд ба қайд гирифта шуд.
Лентаи хабарҳо
0