Касбомӯзии гурезаҳои Афғонистон дар Тоҷикистон

© AP / Emrah GurelАфганцы гуляют по сельской местности в Татване, Турция
Афганцы гуляют по сельской местности в Татване, Турция  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як теъдод аз паноҳандагони Афғонистон, ки дар қаламрави Тоҷикистон қарор доранд, аз марокизи таълимии калонсолон дар ҷумҳурӣ фориғ шудаанд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, ки теъдоди қобили мулоҳизае аз шаҳрвандони Афғонистонро паноҳ додааст.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, фаро гирифтани шаҳрвандони Афғонистон бо омӯзиши касб дар ҳамкорӣ бо шарикони рушду созмонҳои байналмилалӣ аз соли 2021 оғоз шудааст.
“Шаҳрвандони Афғонистон имрӯз дар шаҳрҳои Душанбеву Ваҳдат ва навоҳии Рӯдакиву Бохтар дар системаи марказҳои таълимии калонсолон касб меомӯзанд. Теъдоди занон дар миёни онҳо зиёд аст", - изҳор дошт Амонзода.
Вай афзуд, ҳар нафаре, ки ба ин ниҳод муроҷиат мекунад, вобаста аз маҳалли ҳузураш ба марокизи касбомӯзии калонсолон қабул карда мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар соли 2021 ҳудуди 250 шаҳрванди Афғонистон аз марокизи касбомӯзии калонсолон фориғ шуда, ба ҳамин теъдод ҳоло низ машғули омӯзиш мебошанд.
Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” соли 2008 таъсис ёфта, аз сӯи давлат сармоягузорӣ мешавад ва ҳудуди 60 филалу намояндагӣ дар саросари кишвар дорад.
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Маош дар Тоҷикистон: вазир гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 600 сомонӣ мегирад
Дар ин марокиз ҳудуди 90 касб, назири кашфергарӣ, сантехникӣ, электрикӣ, таъмири яхдону мошин, ронандагии трактору сабукрав, дуредгарӣ, сартарошии мардонаву занона ва ғайра омӯхта мешаванд.
Бино ба иттилоъи вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ин марокиз комилан барои бароварда сохтани эҳтиёҷоти дохилии Тоҷикистон кор мекунанд ва дар ҳоли муроҷиати шарикони рушд шаҳрвандони хориҷӣ низ ба таълим фаро гирифта мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0