Кобулов: Аз бозгардондани пулҳои “дуздидашуда”-и Афғонистон ҳимоят мекунем

© Sputnik / Александр НатрускинСпециальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов
Специальный представитель Президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД России Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон гуфт, Маскав аз тақозои толибон барои бозгардонидани дороиҳои дуздидашуда тавассути Амрико ҳимоят мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Замир Кобулов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистони дар нишаст тошканд гуфт: “ман аз самими қалб аз тамоюли Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷаи давлати муваққати толибон, ки хостори бозгардондан бидуни қайду шарт ҳафт миллиард доллари масдудшудаи мутаъаллиқ ба Афғонистон аст ҳимоят мекунам”.
Кобулов гуфт, Амрикои ҳафт миллиард доллари Афғонистонро масдуд карда аммо дар воқеъ онро “дуздидааст”.
Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати муваққати толибон низ имрӯз дар нишасти Тошканд аз Амрико хост пулҳои мунҷамидшудаи Афғонистонро бидуни қайду шарт озод намоянд.
Талибы стоят на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
Козимии Қумӣ гуфт, роҳи раҳоии Афғонистон аз буҳрон дар чист
Дар ҳамин ҳол, Том Вест, намояндаи Амрико дар умури Афғонистон низ имрӯз аз омодагии Вашингтон барои гуфтугӯ бо толибон дар бораи дороиҳои масдудшудаи Афғонистон хабар дод.
Нишасти байналмилалӣ “Афғонистон; амният ва тавсеаи иқтисодӣ” дар Тошканд бо ҳузури ҳайати толибон ва намояндагони ҳудуди 20 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ бо меҳварияти Афғонистони имрӯз оғоз шуд.
Қарор аст дар ин нишаст, танзими иқдомот ва пешниҳодҳои ҳамоҳанги ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар масоили кумак барои барқарории сабот ва амният, бозсозии пасодаргирӣ дар Афғонистон ва ҳамгироӣ дар равандҳои ҳамкории минтақае дар ҷиҳати манофеи мардуми Афғонистон ва тамоми ҷаҳон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирад.
Лентаи хабарҳо
0