Дархости террористӣ эълон кардани ҲНИТ* дар Русия ба додгоҳ фиристода шудааст

© Пресс-служба Совета Федерации РФ / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный прокурор РФ Игорь Краснов
Генеральный прокурор РФ Игорь Краснов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додситонии кулли Русия бо ҳамтои тоҷикаш дархости ҷониби Душанберо дар мавриди террористӣ эълон кардани бархе созмону ҳаракатҳо баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситонии кулли Русия дархост барои террористӣ эълон кардани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон*-ро ба додгоҳ фиристодааст.
Дар ин бора Игор Краснов, додситони кулли Русия зимни сафараш ба Душанбе хабар дод.
Ба иттилои додситонии кулли Русия, масъалаи террористӣ эътироф кардани бархе аз созмону ҳаракатҳо бо дархости ҷониби Душанбе аз мавзуъҳои мулоқоти Краснов бо ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хоҳад буд, ки 26 июл дар назар аст.
"Ҳамтоямро дар мавриди баррасии дархостҳояш барои дар Русия террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо огоҳ хоҳам кард. Аллакай чунин дархост аз ҷониби мо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон* ба додгоҳ фиристода шуд", - изҳор доштааст Краснов.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Краснов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Баррасии истирдоди ҷинояткорон миёни Раҳмон ва додситони кулли Русия
Вай изҳори бовар намудааст, ки бо ҳамкории созанда ба муборизаи босамар алайҳи таҳдидҳо даст хоҳанд ёфт.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз мулоқоти додситони кулли Русия бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода афзуд, ҷонибҳо масъалаҳои аз байн бурдани хатарҳои мавҷудаи дохилиро, ки аз ҷумла бо тамоюлҳои таҳмили идеологияи тундгароии динӣ ба ҷомеа, ҳамчунин гурӯҳҳои “хуфта”-и терроризму экстремизми байналмилалӣ алоқамандӣ доранд, муҳокима намуданд.
Сафари ҳайати Русия таҳти роҳбарии Игор Краснов дар Тоҷикистон феълан идома дорад.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0