Марги 92 нафар бар асари офатҳои табиӣ ва ғарқшавӣ дар шаш моҳи ахир

© Sputnik / Амир ИсаевРустам Назарзода, архивное фото
Рустам Назарзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар додааст, ки дар шаш моҳи ахир дар қаламлави Тоҷикистон марги 8 нафар бар асари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давоми 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 606 ҳолати фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ ба қайд гирифта шудааст.
Раиси КҲФ-и кишвар таъкид кард, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳашт нафар ба ҳалокат расидаанд.
“Ду нафар бар асари сел, ду нафар аз резиши тарма, ду нафари зери сангрезӣ ва ду нафар бар асари бар асари барф ба ҳалокат расиданд”, - гуфт Рустам Назарзода.
Ба гуфтаи Рустам Назарзода, бар асари офатҳои табиӣ 88 бинои истиқоматӣ (16-то пурра, 19-то қисман хароб шудааст), 179 бинои ёрирасон, як мактабу кӯдакистон, 17 пул, 107 гектар замини корам, 298 километр роҳ осеб дидааст.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Ба 136 оилаи аз офати табиӣ зарардида дар ноҳияи Фархор замин доданд
Маблағи хисороти расида аз офатҳои табиӣ, ба гуфтаи раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, 15 миллион сомониро ташкил додааст.
Тибқи иттилоъи КҲФ, дар 6 моҳи соли равон ба хотири риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ 84 нафар дар рӯдхонаҳо ва обанборҳои кишвар ғарқ шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 маврид бештар аст.
Дар миёни ғарқшудагон 7 кӯдаки то 4 сола, 15 кӯдаки аз 5 то 10 сола, 24 нафар ноболиғон аз 11 то 16 сола, 27 нафар аз ҷавонон аз 17 то 35 сола ва 11 нафари дигар аз 35 сола боло ғарқшуда ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0