ҲНИТ*, муҳоҷират, Афғонистон, Украина: Краснов дар Душанбе аз чӣ гуфт?

© Генеральная прокуратура Российской ФедерацииГенпрокурор России Игорь Краснов встретился с Генпрокурором Таджикистана Юсуфом Рахмоном
Генпрокурор России Игорь Краснов встретился с Генпрокурором Таджикистана Юсуфом Рахмоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Додситони кулли Русия дар Душанбе аз хатарҳои марбути муҳоҷират, фаъолшавии гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон, Украина ва ҲНИТ* ҳушдор дод
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Додситонии Русия ҷамъоварии мавод дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон*-ро, ки Душанбе террористӣ эълон кардани онро хостааст, ба анҷом расонд.
Игор Краснов, додситони кулли Русия, зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Юсуф Раҳмон дар Душанбе изҳор доштааст, ки мавқеи ҷониби Тоҷикистонро ба назар гирифта, ҷамъоварии мавод дар мавриди ҲНИТ*-ро ба анҷом расондаанд.
"Назари шумо дар мавриди зарурати террористӣ эълон шудани бархе созмонҳо дар Русияро ба назар гирифта шуданд. Аз ҷумла дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дархости дахлдор имзо ва ба додгоҳ ирсол гардид", - изҳор доштаст ӯ.
Вай ҳамчунин таъкид намудааст, ки хатарҳо дар вазъи феълӣ кам нашуда, балки шиддат гирифтаанд. Аз ҷумла зикр намудааст, вазъи муҳоҷиратӣ ҳамоно мубрам боқӣ мемонад.
Фаъолшавии гуруҳҳои террористӣ дар минтақаҳои марзии Афғонистонро додситони кулли Русия аз таҳдидҳои дигар ном бурдаст.
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Раҳмон хост, Русия барои Тоҷикистон прокурор тайёр кунад
Краснов илова намудаст, ки вазъият дар Украина низ таҳдидҳои бештарро барои Русия ва Тоҷикистон эҷод кардааст. Дар ин росто аз ҷумла хатари иштироки зархаридон аз кишварҳои ИДМ дар амалиёти ҷангӣ, паҳншавии силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро ном бурдаст.
Ӯ муҳим хонд, ки шеваҳои ҷадиди ҳамкорӣ барои боло бурдани самаранокии ҳамкорӣ дар баробари ин таҳдидҳо роҳандозӣ гарданд.
Барои таҳкими ҳамкорӣ додситонҳои кулли Тоҷикистону Русия барномаи дахлдорро имзо намудаанд.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0