Муҳоҷирати корӣ ба Корея: вазиру сафир як роҳи дигар ёфтанд

© Sputnik Ширин Амонзода, вазири меҳнати ҶТ
Ширин Амонзода, вазири меҳнати ҶТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Душанбе ва Сэул ба тавофуқ расиданд, ки муҳоҷирини кории тоҷики шоғил дар Русияро ба Кореяи Ҷанубӣ ба унвони коргари муҳоҷир ба кор эъзом кунанд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ду кишвар чанд сол ба ин сӯ роҳҳои ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатиро баррасӣ мекунанд.
Ахиран дар мулоқоти Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Квон Донг Сок, сафири Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон зимни арзёбии ин мавзуъ ба ин натиҷа расиданд, ки то балад шудани муҳоҷирини кории тоҷик ба забони куриёӣ онҳоро метавон ба кор дар корхонаву ширкатҳои куриёӣ дар қаламрави кишварҳои дигар эъзом кунанд, аз ҷумла шаҳри Санкт-Петербурги Русия.
Ширин Амонзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Куриёи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия бештар шудааст: сабаб
“Талаботи кишвари қабулкунанда пеш аз ҳама донистани забони куриёӣ аст. Барои ҳалли ин мушкил ду ёддошти тафоҳум миёни музофотҳои Куриёи Ҷанубӣ ва Донишгоҳи омӯзгорию Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба имзо расидааст, то муҳоҷирин қабл аз сафар забонҳои кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, аз ҷумла куриёӣ ба имзо расидааст”, - гуфт Ширин Амонзода.
Аввалин созишномаҳо миёни вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистону Куриёи ҷанубӣ моҳи апрел ба имзо расида, ҳамзамон тавофуқоте бо мақомоти шаҳри Сангҷу, музофоти Чола-Пукто ва роҳбари ширкати “IIeyang OPO Corp” ҳосил шуд. Ҳадафи ин баррасиҳо роҳандозии муҳоҷирати дастҷамъонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кори мавсимӣ дар Куриё дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва ғайраро буд. Аз ҷумла шаҳри Сангҷу омодагии худро барои қабули муҳоҷирини корӣ дар корҳои мавсимии кишоварзиро баён карда буд.
Лентаи хабарҳо
0