Муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия бештар шудааст: сабаб

© Sputnik / Рамиль СитдиковТрудовые мигранты
Трудовые мигранты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи иттилоии Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони коргари муҳоҷири Тоҷикистон ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ дар як соли ахир ду баробар афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон умдатан барои дарёфти пул ба Русия мераванд, ки 90% - и муҳоҷирон ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамзамон 5%-и муҳоҷирон ба Қазоқистон ва боқимонда ба дигар кишварҳо рост меоянд.
Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли 2022 беш аз 322,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд.
Президент РФ В. Путин обратился с приветствием к участникам Делового форума БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Путин аз саҳми арзандаи муҳоҷирони тоҷик дар иқтисоди Русия гуфт
Ба гуфтаи вазир, дар миёни афроде, ки ба муҳоҷирати корӣ мераванд, мисли пешин аксаран мардон беш аз 264,6 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.
Дар мавриди занон бошад, ба гуфтаи ин ниҳод, шумори онҳо ҳоло аз 57,4 ҳазор нафар гузаштааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 қариб 2 маротиба бештар аст.
Амонзода ҳамчунин гуфт, аз аввали сол беш аз 240,5 ҳазор нафар шаҳрвандон ба Ватан баргаштаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,5 баробар бештар аст.
мардон — 194,3 ҳазор нафар,
занон — 46,2 ҳазор нафар.
Ин ниҳод қайд кард, ки дар давраи ҳисоботӣ 5,7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон санади манъи вуруд ба Русияро дарёфт кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0