Офатҳо дар Суғд зиёду фавт кам шудааст

© Sputnik Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Офатҳои табиӣ дар шимоли Тоҷикистон афзоиш ёфтаанд, аммо фавт бар асари онҳо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба маротиб кам шудааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Офатҳои табиӣ дар вилояти Суғд тайи 6 моҳи аввал ҷони ду нафарро рабуд, хабар дод раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Суғд.
Ба иттилои ин ниҳод, дар давоми нимсолаи аввали соли равон, дар вилоят даҳ ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта рух доданд. Дар натиҷа 2 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин кам бошад.
Зикр гардид, ки гарчанде рух додани офатҳои табиӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бештар гардидааст, ҳолатҳои фавт каманд.
Раёсати КҲФ тавзеҳ дод, ки давоми нимсолаи аввали соли 2022 дар қаламрави вилоят аз ҷумла 8 ҳодисаи омадани сел, як ҳодисаи сангфароӣ ва як ҳодисаи раъду барқ ба қайд гирифта шуд.
Ворота в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2022
Фоҷиа дар Кӯлоб: марду 4 кӯдак зери хок ҷон доданд
Дар натиҷаи ин офатҳои табиӣ ба хоҷагии вилоят 6,3 млн сомонӣ зарар ворид гардид. Ин дар ҳолест, ки тайи шаш моҳи аввали соли 2021 чор ҳодисаи нохуши табиӣ рух дод, ки дар натиҷа 8 нафар ба ҳалокат расида буданд.
Дар ҳамин ҳол КҲФ бо истинод ба Оҷонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, рӯзҳои 27-28 июл дар пайи идомаи гармиҳои шадид, хатари рух додани офатҳои табиӣ хеле зиёд аст.
Ин ниҳод зикр намудааст, ки ба далели гармии ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон болоравии сатҳи об пешбинӣ мешавад. Ҳамчунин дар ВМКБ ва дигар минтақаҳои кӯҳӣ хатари фаромадани селу ярч ва сангрезӣ ҷой дорад.
Лентаи хабарҳо
0