Роҳандозии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Бритониё

Трактор на посевных работах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон азм доранд, нерӯи кории кишварро ба давлатҳои гуногуни Осиё ва Аврупо фиристанд. Феълан кишвари аслии муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон Русия аст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Аз Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли равон 126 нафар ба Бритониё барои кор рафтаанд.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ баён дошт.
Ӯ афзуд, ки ин теъдод аллакай барои кор сафарбарг гардида, ҳудуди 200 тоҷикистонии дигар ҳоло дар интизори раводид мебошанд. Ба гуфтаи вазир, муҳоҷирони тоҷик асосан дар корҳои мавсимии гармхонаҳо кор мекунанд.
Хадамоти дар низоми коркарди раводид қарор доранд. 103 нафар айни ҳол сафар карданд, 200 нафари дигар, тибқи талаботи корфармо аз суҳбат гузаштанд.
Пассажир в защитной маске в международном аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Хушқаду русидон: Туркия тоҷиконро ба меҳмонхонаҳояш даъват мекунад
Ин раванд дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон азм доранд, нерӯи кории кишварро ба давлатҳои гуногун дар Осиё ва Аврупо фиристанд. Феълан қабулкунандаи асосӣ Русия мебошад
Ҳамасола садҳо ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар, асосан Русия мераванд ва маблағи интиқолдодаи онҳо таъминкунандаи асосии эътидоли иқтисодию иҷтимоӣ дар Ватан арзёбӣ мешавад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғлии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, феълан барои роҳандозии ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ бо Корея, Туркия ва Кувейт корбарӣ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0