Маош дар Тоҷикистон: вазир гуфт, кӣ 11 ҳазору кӣ 600 сомонӣ мегирад

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода
Министр труда, миграции и занятости населения Таджикистана Ширин Амонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, охири соли гузашта маоши миёна дар ҷумҳурӣ аз 1600 сомонӣ гузашт
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Маоши миёна дар Тоҷикистон ба ҳолати аввали июли соли 2022 ҳудуди 1645 сомониро ташкил дод, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли 2021 ҳудуди 154 сомонӣ зиёд мебошад.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки музди аз ҳама зиёдро дар ҷумҳурӣ кормандони ташкилоту намояндагиҳои хориҷӣ мегиранд, ки ба ҳисоби миёна 11 ҳазору 361 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, кормандони бахши молиявӣ 4 ҳазору 592 сомонӣ маош доранд.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2022
То 25 ҳазор сомонӣ: нафақаи аз ҳама зиёдро дар Тоҷикистон кӣ мегирад
Кормандони бахшҳои дигари хизматрасониҳо - 4326 сомонӣ, иттилоот ва алоқа - 3478 сомонӣ, ихроҷи канданиҳои фоиданок - 3020, таъмини нерӯи барқ, газ ва буғ - 3057 сомонӣ маош доранд.
Вазорат афзуд, сохтмончиён дар кишвар ба ҳисоби миёна 2489 сомонӣ мегиранд. Дар бахши саноати коркард маоши миёна ба 2354 сомонӣ, нақлиёт - 2336 сомонӣ, соҳаи санъат - 1370 сомонӣ, мақомоти давлатӣ, мудофиа ва суғуртаи иҷтимоӣ - 1376 сомонӣ, маориф - 1259 ва соҳаи тандурустӣ ба 1030 сомонӣ баробар аст.
Маоши пасттаринро дар Тоҷикистон кишоварзон мегиранд, ки ба ҳисоби миёна муодили 687 сомонист.
Аз рӯи таносуби минтақаҳо музди миёнаи меҳнат дар Душанбе - 2402 сомонӣ, ВМКБ - 1487 сомонӣ, Суғд - 1544, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 1338 сомонӣ ва Хатлон - 1218 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0