Дар ҳар ярмарка 9 нафар соҳиби кор шуд: пешниҳоди 75 ҳазор ҷойи кори холӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузаштан ба хазинаи аксЦентр содействия мигрантам
Центр содействия мигрантам - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти бахши меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон давоми 6 моҳи аввали соли равон беш аз 400 ярмаркаи ҷойҳои холӣ баргузор кардаанд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод дар нимсолаи авали соли равон беш аз 75 ҳазор ҷой ба корҷӯён пешниҳод шудаанд.
Дар ин бора Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, тайи нимсолаи аввал дар 426 ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод, зиёда аз 4,8 ҳазор корхонаю муассиса ба корҷӯён 75,2 ҳазор ҷойу вазифаҳои холӣ пешниҳод намудаанд.
Амонзода афзуд, ки тавассути ярмаркаҳо ҳудуди 6,6 ҳазор нафар ба ҷои кор роҳхат гирифтанду аз ин шумора 4144 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардиданд.
Бар асоси ин омор, дар ҳар ярмаркаи ташкилкардаи мақомот дар нимсола ба ҳисоби миёна 9,7 нафарро ҷои кор таъмин шудаанд.
Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2022
Вазир: Муҳоҷирони тоҷик дар Русия нисбат ба дигар муҳоҷирон камтар қонунро нақз мекунанд
Вазир афзуд, ки дар маҷмуъ дар пайи татбиқи чораҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ тайи нимсолаи аввали соли равон 36,4 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тайи шаш моҳи аввали соли равон ба мақомоти шуғли аҳолӣ 75 ҳазор нафар барои пайдо намудани ҷои кор муроҷиат намуданд.
Аз ин 54,3 ҳазор ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуда, 32,4 ҳазор расман мақоми бекорӣ гирифтанд.
Дар ҳамин ҳол муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамоно аз манобеи аслии таъмини тоҷикистониён ба кор ба шумор меравад. Ба иттилои мақомоти тоҷик, ҷараёни муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 2 баробар афзоиш ёфта, ба 322 ҳазор нафар расидааст.
Лентаи хабарҳо
0