Аҳмадзода ба соҳибкори ӯзбекистонӣ: Заминҳои бекорхобидаро кор фармоед

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдРаджаббой Ахмадзода, глава Согда встретился с узбекским предпринимателем
Раджаббой Ахмадзода, глава Согда встретился с узбекским предпринимателем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раиси вилояти Суғд аз сармоягузорони ӯзбекистонӣ даъват кард, ки барои азхудкунии заминҳои бекорхобида ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар мулоқот бо соҳибкор аз Ӯзбекистон Муъминҷон Юлдошев густариши ҳамкориро баррасӣ намуд, хабар дод дафтари матбуоти ҳукумати вилоят.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат тарафҳо аз таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ миёни доираҳои соҳибкории ҳарду тараф изҳори қаноатмандӣ карда, тақвияти равобитро самараи сиёсати роҳбарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон арзёбӣ намуданд.
Глава Амонатбанка Сироджиддин Икроми - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2022
“Амонтабонк” ба 33 ширкати воридкунандаи маҳсулоти Ӯзбекистон қарз додааст
Таъкид шудааст, ки дар ин дидор, раиси вилоят вобаста ба имкониятҳои Суғд ва фазои мусоиди сармоягузорӣ маълумот дода, изҳор дошт, ки то ҳол соҳибкорони тоҷику ӯзбек як қатор тарҳҳои муштаракро амалӣ намудаанд.

“Сармоягузорони кишвари ҳамсоя метавонанд барои азхудкунии заминҳои бекорхобида, ташкили корхонаҳои коркарди пахта, меваву сабзавот ва ба роҳ мондани истеҳсоли либос бо соҳибкорони тоҷик ҳамкории самаранокро ба роҳ монанд”, - гуфт Аҳмадзода.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкор Муъминҷон Юлдошев омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баён дошт.
Зикр гардидааст, ки мулоқоти ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ба анҷом расид.
Лентаи хабарҳо
0