Аввал табобат, баъд тӯй: ташхиси пеш аз издивоҷ беморони рӯҳӣ ва СПИД-ро ошкор кардааст

© PexelsСвадебный букет и туфли
Свадебный букет и туфли - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ташхиси навхонадорон, ки дар Тоҷикистон пеш аз издивоҷ ҳатмӣ мебошад, 22 ҳолати гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одамро ошкор намудааст
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ташхиси навхонадорон, ки дар Тоҷикистон пеш аз издивоҷ ҳатмӣ мебошад, 22 ҳолати гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одамро ошкор кардааст.
Дар ин бора Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки дар маҷмуъ тайи 6 моҳ 39,3 ҳазор арӯсу домодшавандаҳо аз ташхис гузаронда шуданд.
Аз ин миён 374 гирифтори гепатити В, 84 бемори гепатити С, 22 мубталои ВНМО, 15 нафар гирифтори бемории рӯҳӣ ва 1 гирифтори сифилис муайян гардид.
Дар маҷмуъ ба иттилои Абдуллозода, дар ҷумҳурӣ беш аз 10,5 ҳазор нафар мубталоён ба ВНМО ҳастанд. Вазир гуфт, аз ин миён 94 зани ҳомилаанд, ки таҳти назорати доимӣ қарор доранд.
В России разработан первый тест на выявление британского штамма COVID-19 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Чаро бархе ташхисҳои коронавирус дар Тоҷикистон мусбатанд? Вазир гуфт, хатои техникист
Маврид ба зикр аст, ки ташхиси қабл аз издивоҷ дар Тоҷикистон дар паёми соли 2015-уми раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар садо дод.
Баъдан бо қабули тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон ташхиси тиббии пеш аз никоҳ дар ҷумҳурӣ ҳатмӣ эълон гардид. Ҳадафи ин иқдом ҳифзи саломатии навхонадорон ва насли ояндаашон арзёбӣ гардид.
Дар зимн хонадоршавӣ дар Тоҷикистон нимсолаи аввали соли равон коҳиш ёфтааст. Ба иттилои мақомоти адлияи ҷумҳурӣ, тайи 6 моҳ 30 ҳазору 266 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар нимсолаи аввали соли гузашта ба 32,4 ҳазор баробар буд.
Ҳамчунин дар 6 моҳи соли ҷорӣ 7,2 ҳазор ҳолати ҷудошавии оилаҳои ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0