Борис Ҷонсон дабири кулли НАТО мешавад?

© AFP 2023 / PETER NICHOLLSПремьер-министр Великобритании Борис Джонсон машет рукой, садясь в самолет
Премьер-министр Великобритании Борис Джонсон машет рукой, садясь в самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Нахуствазири мустаъфии Бритониё, ки ахиран дар пайи моҷароҳои бузург истеъфо дод, барои ишғоли мақоми баланд омода мешавад, менависанд расонаҳо
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Сарвазири собиқи Бритониё Борис Ҷонсон метавонад соли 2023 дабири кулли Эътилофи Атлантикаи Шимолӣ - НАТО шавад.
Дар ин бора "The Telegraph" бо такя ба манобеяш дар Кумитаи дифои парлумони Бритониё хабар додааст.
Ҷонсон феълан аз дастовардҳои маъракаи сиёсӣ ва иқтисодии Ғарб алайҳи Русия арзёбӣ мешавад. Ба гуфтаи Дэвид Ҷонс, вазири собиқи Бритониё дар умури хориҷшавӣ аз Иттиҳодияи Аврупо, маҳз Борис Ҷонсон дар тасмими Шветсия ва Финландия барои узвият дар Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ - НАТО таъсир расонд.
Вакил аз ҷиноҳи муҳофизакорон, Ричард Дракс қайд кард, ки "ҳар як бритониёии барҷаста барои ин мақом интихоби олӣ хоҳад буд" ва пуштибонияшро аз сарвазири пешӣ баён дошт.
Экс-премьер-министр Великобритании Тереза Мэй покидает резиденцию на Даунинг-стрит, 10 после сложения полномочий - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2022
Исми нахуствазири нави Бритониё 5 сентябр маълум мешавад
Инчунин зикр шудааст, ки Киев низ ҷонибдори номзадии Ҷонсон ба мақоми дабири кулли НАТО хоҳад буд, изҳор дошт Марк Франсуа, узви кумитаи дифои порлумон, Марк Франсуа.
Дар зимн бархе сиёсатмадорони дигари бритониёӣ интихоби Ҷонсонро ба мақоми дабири кулли НАТО ба далели собиқаи баҳсбарангезаш зери суол бурданд.
"Дабирони кулли НАТО бо қарори якдилона таъйин мешаванд. Ҳар кишвар метавонад вето гузорад. Ба фикри шумо, президент Макрон, Ҷонсонро ба ин мақом пешбарӣ мекунад", - суол гузоштанд дар парлумон.
Дар ҳамин ҳол сардори собиқи артиши Бритониё Лорд Даннат нияти таъйини сарвазири собиқ ба дабирӣ дар НАТО ба далели ҷанҷолҳои марбут ба ӯ пуштибонӣ намекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Борис Ҷонсон соли 2019 Тереза ​​Мэйро дар мақоми нахуствазир иваз карда, 7 июли сори равон истеъфои худро аз мақоми нахуствазир ва раиси Ҳизби муҳофизакори Бритониё эълон кард.
Вай то интихоб шудани роҳбари нав дар ҳизб мемонад ва ҳамчунин вазифаи сардори ҳукуматро идома медиҳад.
Премьер-министр Великобритании Борис Джонсон в маске покидает Даунинг-стрит  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2022
Адами рақиб дар Ғарб - мушкили Путин
Нобоварӣ ба Ҷонсон дар пасманзари хабарҳо атрофи рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Бритониё дар бахши Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз марказҳои дилхушии Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд.
Ҷонсон баъдан ин корашро иштибоҳ хонду узр хост, аммо даҳҳо сиёсатмадор бо нишони эътироз аз мақомашон истеъфо доданд.
Лентаи хабарҳо
0