Душанбе мизбони Қаҳрамонии CAFA-2022 миёни ҷавонон мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешФутболист на поле, архивное фото
Футболист на поле, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Нимаи аввали моҳи август тимҳои мунтахаби ҷавонон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе барои ба даст овардани ҷоми минтақавӣ рақобат мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Тоҷикистон мизбони Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола мешавад.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзуд, ки мусобиқа аз 5 то 12 август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Дар доираи ин зӯрозмоӣ 5 тими мунтахаб барои унвони беҳтарин тими минтақа мубориза мебаранд.

Дар феҳрасти иштирокдорони Чемпионати CAFA-2022 дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон зикр гардидаанд.
Встреча председателя согдийской области с руководством Федерации футбола Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.06.2022
Аҳмадзода бо ноиби Рустами Эмомалӣ рушди футбол дар Суғдро баррасӣ кард
Масъулин мегӯянд, дар маҷмуъ, дар доираи чемпионат 10 бозӣ ба нақша гирифта шуда, ҳамаи ин сабқатҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегарданд.

Низомномаи Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни ҷавонон муқаррар кардааст, ки ин мусобиқа аз рӯйи системаи даврӣ дар як марҳила сурат гирифта, дастаи ғолиб аз рӯйи шумораи бештари холҳо муайян мегардад.
Рӯзи аввал - 5 август бозӣ миёни Ӯзбекистон – Эрон, Қирғизистон – Афғонистон, рӯзи 6 август сабқат миёни Қирғизистон – Ӯзбекистон, Афғонистон - Тоҷикистон, 8 август зӯрозмоии тимҳои Эрон – Афғонистон, Тоҷикистон – Қирғизистон дар назар аст.
Рӯзҳои 10 август бозии Эрон – Қирғизистон, Ӯзбекистон – Тоҷикистон ва 12 август зӯрозмоии Афғонистон – Ӯзбекистон, Тоҷикистон – Эрон ба нақша гирифта шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0