Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Ҳайкалтароше аз Донетск аз пука ва пораҳои хумпора муҷасамма месозад – видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кӯчаҳои Донетскро муҷассамаҳои ғайриоддӣ оро медиҳанд. Ин муҷасаммаҳо аз пука сохта шудаанд, ки пас аз ҳамлаҳои артиши Украина боқӣ мондаанд
Виктор Михалев, сокини Донетск, ҳайкалтарошест, ки ба аксари шаҳрвандон ошност. Асарҳои ӯ аз боқимондаҳои хумпораҳо ва силоҳҳои дигар таҳия шудааст, ки пас аз ҳамлаҳои нерӯҳои украинӣ боқӣ мондаанд.
Михалев ба ғайр аз ҳайкалҳо боз ёдгориҳои сокинонро, ки дар рафти ҷангҳо ба ҳалокат расиданд месозанд. Баъзан фикрҳои ӯ аз наққошиҳои даҳшатоваре пайдо мешаванд, ки ҳайкалтарош шоҳиди он шудааст.
"Масалан, ман модареро сохтам, ки духтарашро дар дасти роста гирифтааст. Вай ӯро аз хумпора мепӯшонад. Турнаҳо ба осмон мераванд, яъне модар духтарашро наҷот дода натавонист. Ман инро на як бор дидаам", - гуфт Михалев.
"Тор"-и тавоно: қудрати маҷмааи мушакии Русия - видео
Ҳайкали дигар — “Донбасс дар оташ” ном дорад. Рамзи ӯ як дарахти палма бо баргҳои кандашуда буд, ки дар паҳлӯи он - пораҳо, пулемёт, кулоҳ ва тир буд.
Михалев умедвор аст, ки дар ояндаи наздик барои ӯ мавод барои ҳайкалтарошӣ лозим нашавад. Бо вуҷуди ин, дар ҳоле ки устохонаи ӯ аз боқимондаҳои ҷангӣ пур аст, ӯ онҳоро ба зудӣ ба як ёдгории дигар табдил медиҳад.
Оилае дар истгоҳи автобус миёни оташ қарор гирифт - дарди фарде, ки миёни мурдаҳо мегардад
Сокинони маҳаллӣ, ки дар боғ сайру гашт карданд, нақл карданд, ки чӣ гуна зиндагӣ дар шаҳр пеш аз сар задани амалиёти ҷангӣ ҷараён дошт: кӯдакон дар скутерҳо бо хандаҳои шодона дар роҳҳо мерафтанд, зангӯла ба калисо даъват мекард.
Аз соли 2014 то кунун дар вилояти Донетск беш аз 6,5 ҳазор нафар кушта ва беш аз як миллион нафар аз ин минтақа фирор кардаанд. Аммо баъзеҳо, монанди хайкалтароши шаҳр, аз хона фирор карда натавонистанд.
Лентаи хабарҳо
0