Кореяи Ҷанубӣ болои дарёи Вахш пули 760-метра месозад

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в районе Пенджикента
Дорога в районе Пенджикента - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки дар болои дарёи Вахш пули 760-метра бо тарҳи мутахассисони Кореяи Ҷанубӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Масъалаи омода намудани тарҳи пули 760-метра, ки дар доираи татбиқи сохтмони роҳи мошингарди лоиҳаи Роғун-Обигарм-Нуробод аз болои дарёи Вахш сохта мешавад, зимни мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо намояндагони ширкати “Dong Myeong Engineering Consultants and Architecture”-и Кореяи Ҷанубӣ дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, сохтмони пул бо равишҳои пешниҳоди молиявӣ барои интихоби хизматрасонии машваратӣ оид ба омӯзиши вариантҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ, тарҳрезии пешакӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ дар мавриди тарҳрезӣ ва иҷрои қарордод дар асоси тарҳрезӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ муайян шудааст.
Дорога в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Роҳе, ки дарвозаи Тоҷикистон ба хориҷ мешавад: шиносоии Расулзода бо сохтмон
Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва навсозии роҳи автомобилгарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи беш аз 123 миллион доллари амрикоӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, татбиқи лоиҳа охири соли 2023 дар назар дошта шудааст.
Қитъаи якуми лоиҳа аз 30,22 километр роҳи асосии Обигарм-Тагикамар иборат мебошад.
Дар доираи марҳилаи якуми лоиҳа сохтмони нақбҳои Қандак -1,6 километр, Қарағоч- 1,7 километр, сохтмони 6 пули нав, таҷдиди 1 пули мавҷуда ва 1 пули муваққатӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0