Мушкили беобӣ ва бероҳии як деҳаи Истаравшан ҳал шуд

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдАсфальтирование дороги Истаравшан
Асфальтирование дороги Истаравшан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, ки сокинони деҳаи Вогати ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан мушкилоти беобиашонро ҳал карданд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бо кумаки мақомот дар деҳаи Вогати ҷамоати деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан хати оби нӯшокиро мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти Суғд.
“Хати оби ошомиданӣ бо кандани чоҳи амудӣ, ки аз ҷониби сокинони деҳа бо харҷи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ амалӣ гардид, 75 хонаро бо оби нӯшокӣ таъмин кард”, - таъкид кардааст манбаъ.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки сокинони деҳа солҳои зиёд аз нарасидани оби нӯшокӣ танқисӣ мекашиданд. Имрӯз мушкилоти онҳо ҳал шудааст.
Открытие завода Haier в Набережных Челнах  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
ORVIGA-и тоҷикӣ: Дар Истаравшан коргоҳи истеҳсоли телевизору мошинаи ҷомашӯӣ месозанд
Ҳамзамон, мақомоти Суғд хабар додааст, ки бо дастгирии сокинони деҳаи Ругунд корҳои мумфаршкунии роҳи марказии деҳа оғоз карда шуд.
“Иқдоми мазкур бо дастгирии сокинону соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардида, бо харҷи зиёда аз 320 ҳазор сомонӣ наздик 1,5 километр роҳ пурра мумфарш карда мешавад”,- қайд кардааст манбаъ.
Мавриди зикр аст, ки тадбирҳои болозикр дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида, дар дигар деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Истаравшан низ корҳои созандагӣ бомаром идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0