Сафари 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Тоҷикистон хабар додаанд, ки ҳудуди 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ тайи шаш моҳи аввали соли равон ба кишвар сафар кардаанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Ҳудуди 363 ҳазор гардишгари хориҷӣ тайи шаш моҳи аввали соли равон ба Тоҷикистон сафар карданд, иттилоъ додааст сомонаи “Парс тудэй”.
Тибқи иттилои манбаъ, ин теъдод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, 95 дарсади ин афрод шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва ба вижа Ӯзбекистон буданд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар соли 2019 ҳудуди 1 миллиону 300 ҳазор гардишгари хориҷӣ аз Тоҷикистон дидан карда буданд.
Турист во время подъема на второй конус Большого трещинного Толбачинского извержения (БТТИ) в Камчатском крае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Русия аз Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ хориҷ шуд
Аммо дар соли 2021 ба далели шуюъи корона фақат 296 ҳазор гардишгари хориҷӣ вориди Тоҷикистон шуданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо дар Тоҷикистон 240 ширкати гардишгарӣ фаъолият мекунад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳ бо соли қабл 19 ширкат бештар шудааст.
Дар ҳоли ҳозир барои қабули гардишгарони хориҷӣ акнун 182 меҳмонхона аз ҷумла шаш меҳмонхонаи панҷ ситора, 19 меҳмонхонаи чаҳор ситора, 16 меҳмонхонаи се ситора ва 136 меҳмонхонаи хурд дар Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Лентаи хабарҳо
0