Азми Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди обилаи маймун: вазир нишонаҳои беморро гуфт

© пресс-служба Минздрава ТаджикистанаДжамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти тандурустии Тоҷикистон дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорати афродеро, ки аз минтақаҳои хуруҷи обилаи маймун меоянд, пурзӯр намудаанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Шаҳрвандоне, ки минтақаҳои хуруҷи бемории обилаи маймун ба Тоҷикистон меоянд, дар гузаргоҳҳои марзӣ таҳти назорат қарор доранд, ҳарораташон санҷида мешавад.
Ин нуктаро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.
Вай тавзеҳ дод, ки бемории обилаи маймун ду марҳила дорад ва барои фазаи аввал ҳарорати баланд ва беҳолию бемадорӣ хос аст, ки 5 рӯз давом мекунад.
Фазаи дуюм пайдоиши яррачаҳо мебошад, ки дар сурати зуҳури ин осор афроди бемор ҳатман дар муассисаҳои тандурустӣ бистарӣ мешаванд, таъкид кард вазир.
Ба гуфтаи вазир, феълан дар Тоҷикистон баробари нишонаҳои клиникӣ инчунин тестҳо барои муайян кардани ин намуди беморӣ аллакай захира карда шудаанд.
ВОЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2022
СҶБ аз ҳолатҳои сироят шудани кӯдакон аз обилаи маймун гуфт
Ин дар ҳолест, ки ахиран Тедрос Адханом Гебрейюс, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, хуруҷи бемории обилаи маймунро як ҳолати изтирории байналмилалӣ эълон кард.
"Ман қарор додам, ки хуруҷи ҷаҳонии обилаи маймун як ҳолати изтирории тандурустии ҷамъиятӣ мебошад, ки аҳамияти байналмилалӣ дорад", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ пас аз ҷаласаи дуюми кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ТУТ.
Обилаи маймун як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Тибқи маълумоти охирини Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳоло дар 75 кишвари ҷаҳон тақрибан 16 000 ҳодисаи бемории маймун сабт шудааст, ки панҷтои онҳо марговар мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0